ВАО: Алишер Усмонов масъули бахши амнияти президенти Ӯзбекистон шуд

© Пресс-служба президента УзбекистанаПрезиденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо низомиён
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо низомиён - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Муовини раиси Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон Алишер Усмонов раиси Хадамоти амнияти президент таъин шудааст

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Алишер Усмонов, ки қаблан дар вазифаи муовини раиси Хадамоти амнияти давлатӣ кор мекард, роҳбари Хадамоти амнияти давлатии Президенти Ӯзбекистон шуд, ки ниҳоди навтаъсис дар ин кишвар мебошад.

Церемония открытия пограничного поста «Санджидзор» - Sputnik Тоҷикистон
Гузаргоҳи нави марзӣ байни Суғду Ӯзбекистон

Аз ин таъйинот Gazeta.uz бо истинод ба манбаъҳояш дар ҳукумат бидуни зикри ном хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти нашрияҳои дигар, аз ҷумла Kun.uz, ​​ин таъйинот дар охири моҳи октябр сурат гирифтааст, аммо дар бораи ӯ танҳо ҳоло маълум шуд.

Алишер Аброрович Усмонов соли 2007 бо ордени "Шон-Шараф" дараҷаи II мукофотонида шудааст.

Ин ҷоиза барои садоқат ва шуҷоат дар ҳимояи Ватан, барои хидматҳои бузург дар таҳкими қобилияти мудофиавӣ ва амнияти миллӣ, баланд бардоштани омодагии ҷангии қувваҳои мусаллаҳ ва таъмини тартибот дар Ӯзбекистон тақдим карда мешавад.

Қаблан вазифаҳои ҳимояи сарвари давлат ва аъзои оилаи ӯ, инчунин меҳмонони фахрии хориҷиро Хадамоти Амнияти Давлатии Ӯзбекистон (СНБ) иҷро мекард.

Мақомдорони Ӯзбекистон аз соли 2021 аз забони ӯзбекӣ имтиҳон месупоранд

Акнун ин ваколатҳо ба Хадамоти Амнияти Давлатии Президент (ГСБП) мегузаранд.

Ғайр аз он, Хадамоти Амнияти Давлатии Президент инчунин амнияти сарони давлатҳои хориҷиро ҳангоми сафари онҳо ба ҷумҳурӣ таъмин менамояд.

Мубориза бо фарбеҳӣ: дар Ӯзбекистон ба назорати вазни мансабдорон шурӯъ мекунанд

Дар соҳаи масъулияти Хадамоти Амнияти Давлатии Президент  инчунин муҳофизати объектҳои истиқомати доимӣ ва муваққатии президент ва шахсони мансабдори олӣ, инчунин роҳҳои ҳаракати онҳо мавҷуданд.

Лентаи хабарҳо
0