https://sputnik.tj/20210520/rusiya-tojikiston-osiyoi-markazi-nizomiyoni-amriko-1039595087.html
ВУХ Русия: Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба низомиёни Амрико ниёз надоранд
ВУХ Русия: Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба низомиёни Амрико ниёз надоранд
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия хабарҳо дар бораи тасмими Амрико роҷеъ ба бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод
2021-05-20T19:30+0500
2021-05-20T19:30+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
амрико
ӯзбекистон
осиёи марказӣ
низомиён
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_b9df8e08954669a5ee480a6c10f85e5b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар ҳошияи конфронси Осиёи Марказии клуби мубоҳисавии байналмилалии Валдай, эҳтимоли мустақари нерӯҳои Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод.Ёдовар мешавем, ки ахиран расонаҳо хабар доданд, ки Пентагон баъд аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон тасмим дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомии худро бунёд кунад.Қаблан Wall Street Journal хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз кишварҳои мувофиқтарин барои ҷойгир кардани пойгоҳи низомии ИМА пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мебошанд.Расонаҳо қайд карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳое ниёз дорад, ки дар он натанҳо сарбозон, балки ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаандоз ва тӯпхонаҳо ҷойгир карда шаванд.Вазорати дифои Ӯзбекистон худи ҳамон рӯз вокуниш нишон дод ва қайд кард, ки дар сиёсати дифоӣ ва сарқонуни кишвар ҷойгиркунии пойгоҳҳо ва иншооти ҳарбии хориҷӣ пешбинӣ нашудааст.Як қатор коршиносон қайд карданд, ки истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати техникӣ ғайриимкон аст, зеро пойгоҳи низомии 201-уми Русия аллакай дар онҷо ҷойгир шудааст. Чизе, ки Тоҷикистон метавонад ба амрикоиҳо пешниҳод кунад, кумак дар хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон тавассути қаламрави ҷумҳурӣ мебошад.
https://sputnik.tj/20210519/amriko-tojikiston-poygohi-nizomii-buzurg-1039569774.html
амрико
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102953/16/1029531620_64:0:1884:1365_1920x0_80_0_0_07d3c51763a39b922d0bd7de65531a4b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, русия, амрико, пойгоҳи низомӣ, осиёи марказӣ
тоҷикистон, русия, амрико, пойгоҳи низомӣ, осиёи марказӣ
ВУХ Русия: Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба низомиёни Амрико ниёз надоранд
19:30 20.05.2021 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Намояндаи Вазорати умури хориҷаи Русия хабарҳо дар бораи тасмими Амрико роҷеъ ба бунёди пойгоҳҳои низомӣ дар кишварҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Андрей Руденко, муовини вазири умури хориҷаи Русия дар ҳошияи конфронси Осиёи Марказии клуби мубоҳисавии байналмилалии Валдай, эҳтимоли мустақари нерӯҳои Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказиро шарҳ дод.
"Ба назари ман, кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонанд амнияти марзҳо ва амнияти дохилии худро бидуни ҳузури низомиёни Амрико дар қаламрави худ таъмин намоянд", - иттилоъ додааст
РИА Новости аз қавли Руденко.
Ёдовар мешавем, ки ахиран расонаҳо хабар доданд, ки Пентагон баъд аз хуруҷи нерӯҳояш аз Афғонистон тасмим дорад дар 20 кишвари Осиёи Марказӣ ва Ховари Миёна пойгоҳҳои низомии худро бунёд кунад.
Қаблан Wall Street Journal хабар дода буд, ки Тоҷикистону Ӯзбекистон аз кишварҳои мувофиқтарин барои ҷойгир кардани пойгоҳи низомии ИМА пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон мебошанд.
Расонаҳо қайд карданд, ки Иёлоти Муттаҳида ба пойгоҳҳое ниёз дорад, ки дар он натанҳо сарбозон, балки ҳавопаймоҳои бесарнишин, бомбаандоз ва тӯпхонаҳо ҷойгир карда шаванд.
Вазорати дифои Ӯзбекистон худи ҳамон рӯз вокуниш нишон дод ва қайд кард, ки дар сиёсати дифоӣ ва сарқонуни кишвар ҷойгиркунии пойгоҳҳо ва иншооти ҳарбии хориҷӣ пешбинӣ нашудааст.
Як қатор коршиносон қайд карданд, ки истиқрори нерӯҳои амрикоӣ дар Тоҷикистон аз ҷиҳати техникӣ ғайриимкон аст, зеро пойгоҳи низомии 201-уми Русия аллакай дар онҷо ҷойгир шудааст. Чизе, ки Тоҷикистон метавонад ба амрикоиҳо пешниҳод кунад, кумак дар хуруҷи нерӯҳо аз Афғонистон тавассути қаламрави ҷумҳурӣ мебошад.