Эмомалӣ Раҳмон мушкили асосии Осиёи Марказиро гуфт

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев в Душанбе
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев в Душанбе  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
Сарвари Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо ҳамтои қазоқи худ Қосим Ҷомарт Тоқаев ба эҳтимолияти бад шудани вазъ дар Афғонистон ишора кард
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар мулоқоти дуҷониба, президентҳои Тоҷикистону Қазоқистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Тоқаев эҳтимоли бад шудани вазъ дар Афғонистонро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф қайд карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
"Манфиати ҷонибҳо ба идомаи ҳамкорӣ дар форматҳои гуногун дар мубориза бо таҳдидҳо ва чолишҳои ҷаҳонӣ тасдиқ карда шуд", - гуфт Раҳмон пас аз мулоқот бо раҳбари Қазоқистон, ки бо сафари расмӣ дар Душанбе қарор дорад.
Роҳбарони ду кишвари Осиёи Марказӣ ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар мубориза бо терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ тақвият медиҳанд.
Раҳмон қайд кард, ки дар музокирот ба масъалаи амнияти минтақавӣ диққати махсус дода шуд.
Генеральный секретарь Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) Станислав Зась - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Дабири кулли СААД вазъро печида ва ноустувор хонд
Ҷонибҳо оид ба мушкилоти Афғонистон мубодилаи афкор карданд ва "тамоюли эҳтимолии бад шудани вазъро дар робита бо хуруҷи нерӯҳои эътилоф қайд карданд."
Тавре президенти Тоҷикистон қайд кард, ҷонибҳо рушди вазъ дар Афғонистонро пайгирӣ карда, ба тарафдории идомаи ҳамоҳангии зич байни хадамоти махсус ва шӯъбаҳои махсуси ду кишвар сухан гуфтанд.
Ёдовар мешавем, ки сафари раисҷумҳури Қазоқистон ба Душанбе ду рӯз идома хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0