https://sputnik.tj/20210520/peshnihod-nomzad-tojik-vakili-duma-rusiya-hizbi-edinaya-rossiya-1039589355.html
Пешниҳоди номзадии як тоҷик ба вакилӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Единая Россия”
Пешниҳоди номзадии як тоҷик ба вакилӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Единая Россия”
Sputnik Тоҷикистон
Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва собиқ консули фахрии Тоҷикистон Назари Мирзода ба вакилӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Единая Россия” ё “Русияи воҳид” пешбарӣ шудааст
2021-05-20T17:11+0500
2021-05-20T17:11+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
интихобот
санкт-петербург
вакили дума
назар мирзода
муҳоҷират
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039589184_0:29:1000:592_1920x0_80_0_0_c5e57917f0cdb44401270bb70384c098.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар сомонаи расмии овоздиҳии пешакии электронӣ барои пешбарии минбаъдаи номзадҳо аз ҳизби “Единая Россия” ба вакилии Думаи давлатии Русия, номи Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва собиқ консули фахрии Тоҷикистон дида мешавад.Назари Мирзода, дар як муроҷиати видеоии худ, ки дар ин сомона нашр шудааст, назди худ вазифа гузоштааст, ки ба мушкилоти тамоми мардуми рус ва зиёда аз 7 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумлу муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки дар солҳои охир шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, расидагӣ кунад.Назари Мирзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки агар вакили парлумон шавад, нақшаҳои зиёде дорад, ки бояд онҳоро анҷом диҳад. Аммо ӯ таъкид намуд, ки ҳоло барои расидан ба курсии вакилӣ дар Дума ба дастгирӣ ниёз дорад. Назари Мирзода кист?Номбурда соли 1958 дар деҳаи Ялдимичи ноҳияи Ғарми Тоҷикистон ба дунё омадааст . Соли 1979 - 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва Донишгоҳи давлатии ба номи А.А.Жданови шаҳри Ленинградро дар риштаи журналистика хатм кардааст. Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов соли 1985 ба ватан баргашт ва ба ҳайси муҳаррири шӯъба дар нашриёти "Ирфон" дар Душанбе кор кард ва дар солҳои 1985 то соли 1987 ҳамчун хабарнигори ҳарбӣ дар Афғонистон фаъолият кардааст.Солҳои 1987-1988 ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи Эрон дар факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Ленинград фаъолият намуда буд.Аз соли 1994 дар кафедраи журналистикаи байналмилалӣ факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург кор карда, таърихи журналистика ва адабиёт дар Шарқи наздик Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро таълим медод. Солҳои 1994 - 1997 - иҷрокунандаи вазифаи муовини декани факултети журналистика интихоб шуда буд.Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати докторантура дар соли 2005, ӯ ба ҳайси муаллим, ассистенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Смолний кор кардааст. Муаллифи монографияи таърихи журналистикаи Эрон, мақолаҳои зиёди илмӣ оид ба таърихи адабиёт ва забоншиносии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад.Аз соли 2006 ба ҳайси президенти Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербург “Сомониён” ва раиси диаспораи тоҷикон, узви шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кор кардааст.Аз соли 2010 то 2020 ба ҳайси консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия кор кардааст.Бо фармони Президенти Русия аз 19 феврали соли 2003, ӯ бо медали "Ба муносибати 300-солагии шаҳри Санкт-Петербург" мукофотонида шудааст.Вай инчунин бо дигар орденҳо ва мукофотҳо ва дипломҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.Ҳоло ӯ ба ҳайси узви шӯрои магистратураи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ва мудири шӯъбаи ҳамкориҳои минтақавии Институти гуманитарии Балтика фаъолият мекунад.
https://sputnik.tj/20200106/Natoii-intikhoboti-takrorii-Uzbakiston-elon-gardid-se-vakil-toiktabor-astand-1030501035.html
https://sputnik.tj/20210206/Rais-Sozmoni-tojikon-mushoviri-prezident-qirgiziston-1032773621.html
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/14/1039589184_0:0:1000:751_1920x0_80_0_0_ec381fb78ea07517c4ec6f24f1aa4591.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, тоҷик, вакил, дума, дастгирӣ, тоҷиктабор, номзад
тоҷикистон, тоҷик, вакил, дума, дастгирӣ, тоҷиктабор, номзад
Пешниҳоди номзадии як тоҷик ба вакилӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Единая Россия”
17:11 20.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва собиқ консули фахрии Тоҷикистон Назари Мирзода ба вакилӣ дар Думаи давлатии Русия аз ҳизби “Единая Россия” ё “Русияи воҳид” пешбарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Дар сомонаи расмии
овоздиҳии пешакии электронӣ барои пешбарии минбаъдаи номзадҳо аз ҳизби “Единая Россия” ба вакилии Думаи давлатии Русия, номи Назари Мирзода, раиси ҷамъияти тоҷикони шаҳри Санкт-Петербург ва собиқ консули фахрии Тоҷикистон дида мешавад.
Назари Мирзода, дар як муроҷиати видеоии худ, ки дар ин сомона нашр шудааст, назди худ вазифа гузоштааст, ки ба мушкилоти тамоми мардуми рус ва зиёда аз 7 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумлу муҳоҷирони меҳнатии тоҷике, ки дар солҳои охир шаҳрвандии Русияро қабул кардаанд, расидагӣ кунад.
“Ман мехоҳам ҳамин қишри ҷомеаи Русияро, ки одатан начандон фаъоланд бештар ба ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ин кишвар ҷалб намоям. Мехоҳам онҳоро ба барномаҳои давлатӣ, барномаҳои иқтисодӣ ва фарҳангӣ ҷалб намоям”, - мегӯяд Назари Мирзода.
Назари Мирзода ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки агар вакили парлумон шавад, нақшаҳои зиёде дорад, ки бояд онҳоро анҷом диҳад.
Аммо ӯ таъкид намуд, ки ҳоло барои расидан ба курсии вакилӣ дар Дума ба дастгирӣ ниёз дорад.
“Мардум бояд барои пешбарии ман аввал дар сомонаи расмии овоздиҳии пешакии электронӣ овоз диҳанд, то ман дар интихоботи қарибулвуқӯи парлумонӣ дар Русия ҳамчун вакил аз ҳизби “Русияи воҳид” пешниҳод шавам”, - гуфт ӯ.
Номбурда соли 1958 дар деҳаи Ялдимичи ноҳияи Ғарми Тоҷикистон ба дунё омадааст .
Соли 1979 - 1985 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин ва Донишгоҳи давлатии ба номи А.А.Жданови шаҳри Ленинградро дар риштаи журналистика хатм кардааст.
Пас аз хатми Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов соли 1985 ба ватан баргашт ва ба ҳайси муҳаррири шӯъба дар нашриёти "Ирфон" дар Душанбе кор кард ва дар солҳои 1985 то соли 1987 ҳамчун хабарнигори ҳарбӣ дар Афғонистон фаъолият кардааст.
Солҳои 1987-1988 ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи Эрон дар факултаи забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Ленинград фаъолият намуда буд.
Аз соли 1994 дар кафедраи журналистикаи байналмилалӣ факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург кор карда, таърихи журналистика ва адабиёт дар Шарқи наздик Эрон, Афғонистон, Покистон ва Ҳиндустонро таълим медод.
Солҳои 1994 - 1997 - иҷрокунандаи вазифаи муовини декани факултети журналистика интихоб шуда буд.
Пас аз ба итмом расидани мӯҳлати докторантура дар соли 2005, ӯ ба ҳайси муаллим, ассистенти кафедраи илмҳои гуманитарии Донишгоҳи Смолний кор кардааст. Муаллифи монографияи таърихи журналистикаи Эрон, мақолаҳои зиёди илмӣ оид ба таърихи адабиёт ва забоншиносии Эрон, Тоҷикистон ва Афғонистон мебошад.
Аз соли 2006 ба ҳайси президенти Ҷамъияти тоҷикони муқими шаҳри Санкт-Петербург “Сомониён” ва раиси диаспораи тоҷикон, узви шӯрои ҷамъиятии Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград кор кардааст.
Аз соли 2010 то 2020 ба ҳайси консули фахрии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия кор кардааст.
Бо фармони Президенти Русия аз 19 феврали соли 2003, ӯ бо медали "Ба муносибати 300-солагии шаҳри Санкт-Петербург" мукофотонида шудааст.
Вай инчунин бо дигар орденҳо ва мукофотҳо ва дипломҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия ва Сафорати Тоҷикистон дар Русия, ҳукумати шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград, Вазорати корҳои дохилии Русия ва Тоҷикистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ мукофотонида шудааст.
Ҳоло ӯ ба ҳайси узви шӯрои магистратураи факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии шаҳри Санкт-Петербург ва мудири шӯъбаи ҳамкориҳои минтақавии Институти гуманитарии Балтика фаъолият мекунад.