Натоиҷи интихоботи такрории Узбакистон эълон гардид: се вакил тоҷиктабор ҳастанд

© ЦИК УзбекистанаПодсчет голосов на парламентских выборах в Узбекистане
Подсчет голосов на парламентских выборах в Узбекистане - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раиси Комиссияи интихоботи Узбакистон натиҷаҳои интихоботи парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллии кишварашро эълон кард

ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Мирзоулуғбек Абдусаломов раиси Комиссияи интихоботи Узбакистон имрӯз натиҷаҳои интихоботи парлумониро эълом кард, хабар медиҳад сомонаи Фараж.

Паспорт и бланк в руках избирателя - Sputnik Тоҷикистон
Раванди интихоботи Узбакистонро 8 созмони байналмилалӣ назорат мекунанд

Ба иттилои манбаъ, рӯзи якшанбеи гузашта дар 1730 ҳавзаи марбути 25 қитъаи интихоботӣ барои интихоби депутатҳо ба Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон ва ниҳодҳои маҳаллӣ овоздиҳии такрорӣ гузаронида шуд. Дар он ба ҷои 3 миллиону 147 ҳазору 70 нафар 1 миллиону 978 ҳазору 48 нафар овоздиҳанда ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд.

Гуфта мешавад, ки ин шумори райъдиҳандагон 62 дарсади рақами умумиро ташкил мекунад. Ҳамчунин, барои интихоби депутатҳои шӯрои вилоятӣ дар 1 ҳазору 104 ҳавзаи марбути 95 қитъаи интихоботӣ низ овоздиҳии такрорӣ баргузор карда шуд.

Раванди интихоботи Узбакистонро 8 созмони байналмилалӣ назорат мекунанд

Дар миёни 150 нафар депутати Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон, ки дар ду давраи овоздиҳӣ ба ин мақом интихоб шуданд, танҳо 3 нафарро шаҳрвандони тоҷиктабори Узбакистон ташкил медиҳанд.

Аз шумори умумӣ 130 ё 87 дарсади умумии депутатҳои парлумон аз намояндагони миллати узбак иборатанд. Русҳо ва қароқалпоқҳо 5 нафарӣ, қазоқҳо 3 нафар, корейиҳо 2 нафар, туркманҳо 1 нафар ва қирғизҳо 1 нафар намояндаи худро дар Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбакистон соҳиб мебошанд.

Синни депутатҳои ба парлумон интихобшуда аз 26 то 71-соларо ташкил мекунад. 18 курсии пурлумон насиби занҳо шуд. Ба депутатҳои интихобшуда дар рӯзҳои наздик нишони сарисинагӣ ва шаҳодатномаи депутатӣ супурда хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0