https://sputnik.tj/20210520/bishkek-etiroz-chi-talab-dorand-1039574605.html
Дар Бишкек мардум ба эътироз баромаданду роҳро бастанд: онҳо чӣ талаб доранд? - видео
Дар Бишкек мардум ба эътироз баромаданду роҳро бастанд: онҳо чӣ талаб доранд? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Полис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва ҳозиронро пас гардонда, гузаргоҳро кушод
2021-05-20T10:44+0500
2021-05-20T10:44+0500
2021-05-24T16:59+0500
қирғизистон
бишкек
мардум
талаб
эътироз
роҳ
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032094125_0:187:2977:1861_1920x0_80_0_0_cd5dd628d990dc3904f62aa9c3946991.jpg
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар қисмати шарқии Бишкек, тақрибан 200 нафар, ки аз қатъи оби ошомиданӣ ба хашм омада буданд, кӯшиш карданд, роҳро банданд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Қирғизистон аз ҷои ҳодиса.Ҳодиса рӯзи 19 май, тахминан соати 22:00 дар чорроҳаи кӯчаҳои Анқара ва Ауэзов рух додааст. Аксари ҳозирин гуфтаанд, ки онҳо дар маҳаллаи истиқоматии "Рухий Мурас" зиндагӣ мекунанд ва чанд рӯз аст, ки бе об мондаанд. Қаблан мақомоти шаҳрдории пойтахт бо пахши як иттилоия қатъ шудани об дар "Рухий Мурас" - ро рад карда будааст.Мақомот шарҳ додааст, ки "Бишкекводоканал" ҳаҷми таъминоти оби нӯшокиро ба деҳот ва маҳаллаҳои истиқоматии ҷамоати Кок-Жарский, Лебединовский, Новопавловский бинобар сабаби 17,9 миллион сом қарздор будани мардум, маҳдуд кардааст. Аммо, ҳозирон исрор варзидаанд, ки на ҳама сокинони маҳаллӣ қарздоранд. Полис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда ва мардумро парокандаву роҳро боз кардааст. Барои баррасии ин қазия раиси ҳукумати ҷамоати Лебединовский низ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст.Ин нахустин бор нест, ки сокинони шаҳри Бишкек ба эътироз мебароянд. Чанде пеш табибони ин шаҳр эътироз карданд ва аз ҳукумат, талаб доштанд, ки музди ваъдакарда барои мубориза бо ҳамагирии коронавирусро ба онҳо бидиҳанд.Ҳамчунин гурӯҳе аз ронандагон дар назди бинои ҳукумати кишвар ҷамъ омада буданд ва талаб карданд, ки ба мошинҳои аз Абхазистон воридшуда рақамҳои давлатӣ бидиҳанд.Ғайр аз ин, рӯзи 15 май дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек издиҳом баромада ва аз мардум даъват карданд, ки барои ҳар як мушкили назарногир ба эътироз набароянд.
https://sputnik.tj/20210515/mitingi-buzurg-markazi-bishkek-1039475093.html
қирғизистон
бишкек
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/0f/1032094125_122:0:2853:2048_1920x0_80_0_0_5a2dd24daa582a823265b08f6c5fcad1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бишкек, эътироз, мардум, оби ошомиданӣ
бишкек, эътироз, мардум, оби ошомиданӣ
Дар Бишкек мардум ба эътироз баромаданду роҳро бастанд: онҳо чӣ талаб доранд? - видео
10:44 20.05.2021 (Навсозишуда: 16:59 24.05.2021) Полис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд ва ҳозиронро пас гардонда, гузаргоҳро кушод
ДУШАНБЕ, 20 май — Sputnik. Дар қисмати шарқии Бишкек, тақрибан 200 нафар, ки аз қатъи оби ошомиданӣ ба хашм омада буданд, кӯшиш карданд, роҳро банданд, хабар медиҳад хабарнигори
Sputnik Қирғизистон аз ҷои ҳодиса.
Ҳодиса рӯзи 19 май, тахминан соати 22:00 дар чорроҳаи кӯчаҳои Анқара ва Ауэзов рух додааст.
Аксари ҳозирин гуфтаанд, ки онҳо дар маҳаллаи истиқоматии "Рухий Мурас" зиндагӣ мекунанд ва чанд рӯз аст, ки бе об мондаанд.
Қаблан мақомоти шаҳрдории пойтахт бо пахши як иттилоия қатъ шудани об дар "Рухий Мурас" - ро рад карда будааст.
Мақомот шарҳ додааст, ки "Бишкекводоканал" ҳаҷми таъминоти оби нӯшокиро ба деҳот ва маҳаллаҳои истиқоматии ҷамоати Кок-Жарский, Лебединовский, Новопавловский бинобар сабаби 17,9 миллион сом қарздор будани мардум, маҳдуд кардааст.
Аммо, ҳозирон исрор варзидаанд, ки на ҳама сокинони маҳаллӣ қарздоранд.
Полис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуда ва мардумро парокандаву роҳро боз кардааст.
Барои баррасии ин қазия раиси ҳукумати ҷамоати Лебединовский низ ба ҷои ҳодиса ҳозир шудааст.
Ин нахустин бор нест, ки сокинони шаҳри Бишкек ба эътироз мебароянд. Чанде пеш
табибони ин шаҳр эътироз карданд ва аз ҳукумат, талаб доштанд, ки музди ваъдакарда барои мубориза бо ҳамагирии коронавирусро ба онҳо бидиҳанд.
Ҳамчунин гурӯҳе аз
ронандагон дар назди бинои ҳукумати кишвар ҷамъ омада буданд ва талаб карданд, ки ба мошинҳои аз Абхазистон воридшуда рақамҳои давлатӣ бидиҳанд.
Ғайр аз ин, рӯзи 15 май
дар назди бинои ҳукумати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек издиҳом баромада ва аз мардум даъват карданд, ки барои ҳар як мушкили назарногир ба эътироз набароянд.