“Бешаи палангон” ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад

© Комитет по охране окружающей среды при Правительстве РТВстреча председателя комитета с директором регионального бюро ЮНЕСКО
Встреча председателя комитета с директором регионального бюро ЮНЕСКО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.05.2021
Обуна шудан
ЮНЕСКО эълон кардааст, ки мамнуъгоҳи табиии “Бешаи палангон” ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда мешавад
ДУШАНБЕ, 20 май - Sputnik. Масъалаҳои марбут ба омода намудани мавод ҷиҳати ворид намудани Мамнуъгоҳи табиии “Бешаи палангон”, воқеъ дар ҷануби Тоҷикистон ба рӯйхати Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дар меҳвари мулоқоти Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон Баҳодур Шерализода бо мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато хонум Криста Пиккат қарор гирифт.
Дар мулоқот, ки дар Душанбе доир гардид, ҳамзамон масъалаҳои дохил кардани объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферии ЮНЕСКО, ҳамкории судманд дар доираи лоиҳаҳои GEF-UNDP-UNESCO оид ба пиряхҳо, лоиҳаи нави минтақавии “Паст кардани осебпазирии аҳолӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз хуруҷи кӯлҳои пиряхӣ дар шароити тағирёбии иқлим” баррасӣ гардиданд.
Знак на въезде в город Пенджикент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2021
Нуҳ объекти таърихии дигари Тоҷикистон ба феҳристи пешакии ЮНЕСКО шомил гардид
Мудири Дафтари минтақавии ЮНЕСКО хонум Криста Пиккат омодагии худро барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар Боғи миллии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи “Долони мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии соли мероси фарҳангии аврупоӣ” иброз дошт.
Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон таваҷҷуҳи намояндагони Дафтари минтақавии ЮНЕСКО-ро ба амалӣ намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда ҷалб намуда, омодагии худро барои ҳамкории минбаъда изҳор намуд.
Лентаи хабарҳо
0