Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни тоҷирони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон дар Душанбе

© Busines portalОткрытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан
Открытие Форума деловых кругов Таджикистана, Белоруссии и Афганистана: Государственного комитета по инвестициям и управлению государственным имуществом Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Обуна шудан
Соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон ҳангоми Форуми соҳибкорӣ дар Душанбе санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, агросаноатӣ, фармасевтӣ ва ғайра ба маблағи 11,3 миллион доллар, ба имзо расониданд
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе дар доираи ҷаласаи 14 Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Форуми соҳибкории Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон баргузор шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар Форуми мазкур, ки ба сатҳи нав баровардани ҳамгироии кишварҳо мусоидат менамояд, беш аз 200 нафар аз Тоҷикистон, Беларус ва Афғонистон, аз ҷумла роҳбарони мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилоти давлатӣ, соҳибкорон ва сармоягузорон иштирок намуданд.
Сборка тракторов на таджикско-белорусском заводе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Истеҳсоли "МАЗ": Тоҷикистону Белорус ба сатҳи нави ҳамкорӣ баромаданд
Гуфта шудааст, ки дар ин раванд иштирокчиён вобаста ба фазои соҳибкориву сармоягузорӣ, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, саноат, кишоварзӣ, хӯрокворӣ, фармасевтӣ ва дигар соҳаҳо маълумот дарёфт намуда, барои роҳандозӣ ва тавсеа коршарикӣ бо ҳамтоёни тоҷикистонӣ изҳори ҳавасмандӣ зоҳир карданд.
Манбаъ зикр кардааст, ки робитаҳои дӯстона ва ҳамшарикии Тоҷикистон, Беларуссия ва Афғонистон таърихи тӯлонӣ дошта, феълан дар аксар масъалаҳо шабеҳияти мавқеъ дида мешавад, ки ба густариш ва рушди ҳамкориҳои байни доираҳои тиҷоратии кишварҳо заминагузорӣ менамояд.
Открытие мечетей в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Намози ҷумъаи ин ҳафта: Тоҷикистон барои Афғонистон дуо кард
Щамзамон кумитаи сармоягузорӣ иттилоъ додааст, ки пас аз анҷоми қисмати расмии Форум вохӯрии дуҷонибаи соҳибкорони се давлат дар сиғаи “Соҳибкор бо Соҳибкор” (B2B) баргузор гардида, аз натиҷаи он санадҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, истеҳсоли техникаи кишоварзӣ, агросаноатӣ, фармасевтӣ ва ғайра ба имзо расонида шуд.
Зикр шудааст, ки мабалғи умумии санадҳои баимзорасонидашуда 11,3 миллион долларро ташкил намуда, аз рӯи тақсимот дар сохтори ин маблағҳо ба ҳиссаи содироти маҳсулот аз Тоҷикистон 46 фоиз рост меояд.
Лентаи хабарҳо
0