Маблағгузори №1: Чин ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар сармоягузорӣ кард

© AFP 2023 / LEON NEALАкция протеста у Лондонской фондовой биржи
Акция протеста у Лондонской фондовой биржи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расид
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Вуруди сармоягузорӣ аз Чин дар соли 2020 - 152 миллион долларро ташкил дод, ки аз онҳо 120 миллион доллараш сармоягузориҳои мустақим мебошанд, иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Тоҷикистон.
Тибқи иттилои манбаъ, саҳми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта 35,5% ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил кард.
Маҷмӯан, соли 2020 вуруди сармоягузории хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз онҳо 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Имзои барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2021-2022
Манбаъ таъкид доштааст, ки сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон танҳо дар нимаи дуюми солҳои 2000-ум шурӯъ шуда буд.
Нахустин сармоягузориҳои нисбатан калони Чин ба Тоҷикистон соли 2007 пас аз имзои Шартнома дар бораи ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ ҷалб карда шуд.
Вуруди назарраси сармоягузориҳои чинӣ пас аз ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ байни ду кишвар дар соли 2011 оғоз ёфт.
Солҳои 2007-2020 аз 65 давлати ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 фоизи он ба Чин рост меояд.
Тоҷикистон аз Чин чанд  қарздор аст  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Тоҷикистон аз Чин чанд пул қарздор аст
Пас аз он Русия (1,6 миллиард), Амрико (703 миллион), Бритониё (694 миллион), Қазоқистон (577 миллион) қарор доранд.
Бояд гуфт, ки сармоягузориҳои чинӣ тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида шуда, иктишоф ва истеҳсоли канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, неруи барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, инчунин кишоварзӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ аз имтиёзҳо бархӯрдор мебошанд.
Лентаи хабарҳо
0