Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Имзои барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2021-2022

© ВКХ ҶТВохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Тоҷикистон ва Чин ҳамкориҳоро дар соҳаҳои иқтисод, сармоягузорӣ ва илму техника тақвият мебахшанд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Дар шаҳри Сиани Чин мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо узви Шӯрои давлатӣ, вазири корҳои хориҷии Чин Ван И баргузор гардид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор дода, рағбати худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф изҳор намуданд.
Министры иностранных дел Таджикистана Сироджиддин Мухриддин и Китая Ван И - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон озими Чин шуд
Дар вохӯрӣ ба масъалаҳои татбиқи тавофуқҳои зимни суҳбати телефонии сарони кишварҳо ҳосилшуда, имзои санадҳои нави дуҷониба, танзими чорабиниҳои муштарак дар форматҳои гуногун, аз ҷумла дар чаҳорчӯби нишастҳои Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Чин таваҷҷуҳ зоҳир гардидааст.
Манбаъ мегӯяд, дар ин росто, ҷонибҳо ба аҳаммияти густариши робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникии ду кишвар, тавсеаи муносибатҳои байнипарлумонӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика, фарҳангу гардишгарӣ ва ғайра таъкид карданд.
Гурӯҳи кории механизми муштарак миёни мақомоти марбутаи  Тоҷикистон ва Чин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.04.2021
Тоҷикистону Чин масоили боркашонии тавассути гузаргоҳи “Кулма-Қаросу”-ро баррасӣ карданд
Дар мулоқот инчунин дигар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар соҳаи мубориза бо ҳамагирии СOVID-19 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Манбаъ афзуда, ки дар ин мулоқот ҳамчунин Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Чин барои солҳои 2021-2022 имзо гардид.
Лентаи хабарҳо
0