https://sputnik.tj/20210519/istiqbol-ovozkhon-tojikiston-manizha-1039559214.html
Истиқболи овозхонҳои Тоҷикистон аз Манижа: ӯ фахри мост - навор
Истиқболи овозхонҳои Тоҷикистон аз Манижа: ӯ фахри мост - навор
Sputnik Тоҷикистон
Ҳунарнамоии Манижа Сангин, намояндаи Русия дар Евровидение, ки ҳоло ба даври финалӣ роҳ ёфт, на танҳо дар сархати расонаҳои русиву аврупоӣ, балки дар Тоҷикистон, ки зодгоҳаш аст, мавриди баҳси гарм қарор гирифт
2021-05-19T15:51+0500
2021-05-19T15:51+0500
2021-05-19T16:50+0500
евровидение - 2021: зодаи тоҷикистон, намояндаи русия
видео
овозхон
манижа сангин
дастгирӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039555549_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_91a0d716652e73a0dd003d786b65b858.jpg
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия ба даври ниҳоии ҷашнвораи Евровидение - 2021 роҳ ёфт.Ҳунару истеъдоди ин овозхонро ҳамтоёни тоҷику ӯзбекаш бисёр воло баҳогузорӣ мекунанд.Хабаргузории Фараж дар канали YouTube худ навореро ҷо додааст, ки дар он назари овозхонҳои тоҷику ӯзбек дар мавриди баромади Манижа дар Роттерам пурсида шудааст.Дар навори мазкур, аз ҷумла Ҳабиб Ҳакимов овозхони саршиноси тоҷик, баромади намояндаи Русияро муваффақ арзёбӣ намуд.Ба гуфтаи Ҳабиб, ин суруд ба ҷашнвораи Евровидение бисёр мувофиқ аст.Фейруз Ҳакимов ҳунарманди дигари тоҷик низ қайд намудааст, ки Манижа овозхони асил аст.Парвин Юсуфӣ сарояндаи маҳбуби тоҷик аз он мефахрад, ки Манижа зодаи Тоҷикистон аст.Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон бо Манижа фахр мекунад.Дар навори мазкур ҳамчунин чанд тан аз фарҳангиёни Ӯзбекистон низ дар мавриди шаъхсияти Манижа ва ҳунару истеъдоди ӯ ибрози назар намуданд.Манижа Сангин, ки Русияро дар Роттердам бо суруди "Зани рус" намояндагӣ мекунад, аллакай ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёфт.Баромади навбатии ин овозхон рӯзи 22 май сурат хоҳад гирифт.
https://sputnik.tj/20210519/manizha-rasona-koriji-evrovidenie-1039556343.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039555549_312:0:1272:720_1920x0_80_0_0_4d17f9e81086003f9d180fffedbb97cb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
манижа сангин, евровидение, овозхоҳои тоҷик, фахр
манижа сангин, евровидение, овозхоҳои тоҷик, фахр
Истиқболи овозхонҳои Тоҷикистон аз Манижа: ӯ фахри мост - навор
15:51 19.05.2021 (Навсозишуда: 16:50 19.05.2021) Ҳунарнамоии Манижа Сангин, намояндаи Русия дар Евровидение, ки ҳоло ба даври финалӣ роҳ ёфт, на танҳо дар сархати расонаҳои русиву аврупоӣ, балки дар Тоҷикистон, ки зодгоҳаш аст, мавриди баҳси гарм қарор гирифт
Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия ба даври ниҳоии ҷашнвораи Евровидение - 2021 роҳ ёфт.
Ҳунару истеъдоди ин овозхонро ҳамтоёни тоҷику ӯзбекаш бисёр воло баҳогузорӣ мекунанд.
Хабаргузории Фараж дар канали YouTube худ навореро ҷо додааст, ки дар он назари овозхонҳои тоҷику ӯзбек дар мавриди баромади Манижа дар Роттерам пурсида шудааст.
Дар навори мазкур, аз ҷумла Ҳабиб Ҳакимов овозхони саршиноси тоҷик, баромади намояндаи Русияро муваффақ арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи Ҳабиб, ин суруд ба ҷашнвораи Евровидение бисёр мувофиқ аст.
Фейруз Ҳакимов ҳунарманди дигари тоҷик низ қайд намудааст, ки Манижа овозхони асил аст.
Вақте Манижаро ҳамчун намояндаи Русия дар ҷашнвораи мазкур интихоб карданд, ман пай бурдам, ки суруди ӯ бисёр воло аст, - афзудааст Ҳакимов.
Парвин Юсуфӣ сарояндаи маҳбуби тоҷик аз он мефахрад, ки Манижа зодаи Тоҷикистон аст.
Ӯ мегӯяд, Тоҷикистон бо Манижа фахр мекунад.
Дар навори мазкур ҳамчунин чанд тан аз фарҳангиёни Ӯзбекистон низ дар мавриди шаъхсияти Манижа ва ҳунару истеъдоди ӯ ибрози назар намуданд.
Манижа Сангин, ки Русияро дар Роттердам бо суруди "Зани рус" намояндагӣ мекунад, аллакай ба даври ниҳоии ин озмун роҳ ёфт.
Баромади навбатии ин овозхон рӯзи 22 май сурат хоҳад гирифт.