Выступление певицы Манижи на первом канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Евровидение 2021 65-умин озмуни мусиқавӣ хоҳад буд. Имсол онро Роттердам баргузор мекунад. Ин шаҳрак пас аз Амстердам дуввумин шаҳри сераҳолии Нидерландия ба ҳисоб меравад.

Ба пеш малика: бозтоби ҳунарнамоии Манижа дар расонаҳои ғарбӣ

© AP / Peter DejongРоссиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Обуна шудан
Расонаҳои аврупоӣ аз ҳунарнамоии Манижа дар Евровидение - 2021 хуш истиқбол карда, эҳтимоли пирӯзияшро бузург арзёбӣ намудаанд
ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Ҳунарнамоии Манижа, намояндаи Русия дар Евровидение - 2021 аз сӯи расонаҳои ғарбӣ хуш истиқбол шудааст, ки бархе аз матолибашонро ин ҷо гирдоварӣ шуд.
Ҷузъиёти гуногуни ҳунарнамоии Манижа мақбули рӯзноманигорон шудааст, аз ҷумла паёми суруди Russian Woman, ки қаринаи мубрам дошта, бо забони русӣ иҷро шуд.

"Суруди Russian Woman - ин паёми қотеъ, тавоно ва илҳомбахш мебошад", - навиштааст нашрияи олмонии Der Spiegel.

Дар навбати худ, Der Standard ин сурудро чун "фарогирандаи мавзӯъҳои доғ, аз ҷумла феминистию этникӣ арзёбӣ кардааст, ки рақсҳои ҷаззоб ба ҳамроҳ доштааст".
Рӯзноманигорони эстонӣ изҳор доштаанд, ки суруди Russian Woman нерӯи тавонои зани русро инъикос мекунад.
Махсусан аз либоси бузурги Манижа тавсиф шудааст, ки бадаршавӣ аз он таассурбахш будааст. Ин либосро модари Манижа, Наҷиба Усмонов аз пораҳои матое, ки аз нуқтаҳои гуногуни Русия ҷамъ оварда шудаанд, дӯхтааст.
Певица Manizha  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Манижа ба финали Евровидение - 2021 роҳ ёфт - видео
Рӯзноманигорони Express ва тамошобинони BBC, бадаршавии Манижаро аз либоси бузург махсусан қайд кардаанд. Бисёриҳо бовар доштаанд, ки дар дохили ин пироҳан чанд нафар пинҳон шудаанд.
Аз пироҳани бузурги Манижа дар даври нимниҳоии Евровидение - 2021 инчунин Daily Mail низ ёдоварӣ кардааст.
Der Spiegel ва Radio Times пироҳани овозхонро бо Далек - намояндаи нажоди ғайризаминӣ аз силсилафилми бритониёии "Доктор Кто" монанд кардаанд.

"Манижа, овозхони Русия аз пироҳани сайёр бо комбинезони сурх бадар шуд, ки чун Далек буд", - таъкид намудааст Der Spiegel.

Зимни баррасии ҳунарнамоии намояндаи Русия рӯзноманигорони хориҷӣ изҳор доштаанд, ки ин ҳунарманд тамоми имкон барои пирӯзӣ дар озмунро дорад.
Навори ҳунарнамоии Манижа дар даври аввали ниманиҳоии Евровидение – 2021 – ро то зуҳри 19 май беш аз 1,5 миллион нафар тамошо карданд. Ин дар муқоиса бо теъдоди тамошобинони ҳунармандони дигар ба маротиб зиёд мебошад.
Россиянка Манижа выступает во время первого полуфинала 65-го конкурса Евровидение-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.05.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Рекорди видеои Манижа дар Евровидение: беш аз 1,5 млн тамошобин дар соатҳои аввал – видео
Хадамоти матбуоти Шабакаи аввали телевизиони Русия аз ҳунарнамоии Манижа дар даври нимниҳоӣ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки он аз ҷониби расонаҳо ва мардум хуб пазируфта шуд.
Ҳунарнамоии намояндаи Русия яке аз намоишҳои ҷаззоб дар даври ниманиҳоии озмуни Евровидение - 2021 арзёбӣ гардид. Дафъаи дигар тамошобинон зодаи Тоҷикистонро рӯзи 22 май хоҳанд дид.

Евровидение 2021

Озмуни Евровидение 2021 дар Роттердам ҷараён дорад, ки 65 - умин аст. Нидерланд пас аз пирӯзии Дункан Лоуренс бо суруди Arcade дар соли 2019 ҳаққи баргузории Евровидениеро ба даст овард.
Аммо, бинобар пандемияи коронавирусӣ дар соли 2020, аввал озмунро ба таъхир гузоштанд ва сипас комилан лағв карданд. Пас аз беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ, ташкилкунандагон тасмим гирифтанд, ки Евровидение 2021-ро дар шакли пурра гузаронанд.
Даври аввали ниманиҳоӣ рӯзи 18 май баргузор шуд, даври дуюм рӯзи 20 май дар назар аст. Даври ниҳоӣ 22 май баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0