https://sputnik.tj/20210519/dar-dushanbe-besh-az-7-kilo-mavodi-nashaovari-metamfetamin-musodira-shud-1039568262.html
Дар Душанбе беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд
Дар Душанбе беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни як амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетаминро мусодира шуд
2021-05-19T18:45+0500
2021-05-19T18:45+0500
2021-05-19T19:53+0500
дар тоҷикистон
душанбе
мусодира
маводи мухаддир
нашъаовар
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039566850_0:34:640:394_1920x0_80_0_0_c2420ac8ec5a13e4e2893c73f4b8f3df.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ғайриқонунӣ нигаҳдории 7 кило маводи нашъаовари сокини 39-солаи шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи гумонбар дониста мешавад. Тибқи иттилои Агентӣ ҳангоми боздошт аз дохили автомашинаи номбурда 4 адад дастгоҳи нави омодасозии афшура (миксер) 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст. Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.Боздоштшудагон ният доштаанд, ки маводи нашъаоварро дар Душанбе фурӯшанд. Таъкид шудааст, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.Бояд қайд кард, ки метамфетамин - яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/13/1039566850_36:0:605:427_1920x0_80_0_0_a2089a0b4a5d9c98642e6a67a29d8d54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, агентӣ маводи нашъаовар, мусодира, душанбе
тоҷикистон, агентӣ маводи нашъаовар, мусодира, душанбе
Дар Душанбе беш аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетамин мусодира шуд
18:45 19.05.2021 (Навсозишуда: 19:53 19.05.2021) Дар Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар зимни як амалиёти махсус зиёда аз 7 кило маводи нашъаовари метамфетаминро мусодира карданд
ДУШАНБЕ, 19 май – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовар, дар ғайриқонунӣ нигаҳдории 7 кило маводи нашъаовари сокини 39-солаи шаҳри Ҳисор Саидраҳмон Абдуғаффорзодаи гумонбар дониста мешавад.
Тибқи иттилои Агентӣ ҳангоми боздошт аз дохили автомашинаи номбурда 4 адад дастгоҳи нави омодасозии афшура (миксер) 983 грамм маводи нашъаовар дарёфт шудааст.
“Дар ҷараёни чорабиниҳои минбаъдаи фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ ҳаммаслак ва ҳамдиёри ӯ - Ҳошимҷон Зокирови 43-сола боздошт шуда, аз ӯ 6 килову 210 грамм маводи психотропии метамфетамин дарёфт ва мусодира шуд”, - омадааст дар маълумоти маркази матбуоти Агентӣ.
Гуфта мешавад, вазни умумии маводи нашъаовари мусодирагардида 7 килову 393 граммро ташкил медиҳад.
Боздоштшудагон ният доштаанд, ки маводи нашъаоварро дар Душанбе фурӯшанд.
Таъкид шудааст, ки аз рӯйи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.
Бояд қайд кард, ки метамфетамин - яке аз намудҳои синтетикии маводи нашъадор буда, он намуди тағйирдодашудаи амфетамин мебошад, ки шиддатнокии қавитар ва зудтаъсиркунандаро нисбат ба дигар маводҳои нашъаовар дорад.