https://sputnik.tj/20210519/batr-barqarorsozi-trolleybus-dushanbe-qarz-1039564600.html
БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад
БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Қарзу грантии навбатии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтарсозии намудани инфрасохтори троллейбус дар Душанбе равона мешавад
2021-05-19T17:42+0500
2021-05-19T17:42+0500
2021-07-21T19:10+0500
дар тоҷикистон
душанбе
нақлиёт
батр
иқтисод
сармоягузорӣ
қарздиҳӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101689/46/1016894669_0:55:1600:955_1920x0_80_0_0_b125d4d596f9da5855eb28f3727e2d3e.jpg
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ”-ро тасдиқ намуданд.Бино ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии Созишномаи грантӣ зикр шуд, ки санади мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад. Арзиши умумии лоиҳа 8 миллион доллар буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 миллион доллари ва маблағҳои грантӣ 2,8 миллион долларро ташкил медиҳанд. Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 миллион евро пешниҳод гардидааст.Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 миллион доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон аз 15 январи соли 2020 тасдиқ гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 миллион доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.
https://sputnik.tj/20210429/batr-tojikiston-talafoti-nerui-barq-mablagh-1039161371.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101689/46/1016894669_128:0:1472:1008_1920x0_80_0_0_d0535f13135dfe00a608ac19d6444e95.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
батр, троллейбус,душанбе, қарз
батр, троллейбус,душанбе, қарз
БАТР барои барқарорсозии инфрасохтори троллейбус дар Душанбе 8 миллион доллар медиҳад
17:42 19.05.2021 (Навсозишуда: 19:10 21.07.2021) Қарзу грантии навбатии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтарсозӣ намудани инфрасохтори троллейбус дар Душанбе равона мешавад
ДУШАНБЕ, 19 май –Sputnik. Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон созишномаи грантӣ байни Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии “Троллейбус”-и шаҳри Душанбе ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе, маблағгузории иловагӣ”-ро тасдиқ намуданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон, зимни баррасии Созишномаи грантӣ зикр шуд, ки санади мазкур 28 августи соли 2020 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод шудааст.
Гуфта мешавад, ҳадафи лоиҳа барқарор намудани инфрасохтори троллейбус дар шаҳри Душанбе мебошад.
Арзиши умумии лоиҳа 8 миллион доллар буда, аз он маблағҳои қарзӣ 5,2 миллион доллари ва маблағҳои грантӣ 2,8 миллион долларро ташкил медиҳанд.
Инчунин барои амалӣ гардонидани лоиҳа кумаки техникӣ дар ҳаҷми 0,75 миллион евро пешниҳод гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳаҷми умумии маблағи грантӣ 2,8 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 1,4 миллион доллар (транши 1) аз ҷониби Маҷлиси намояндагон аз 15 январи соли 2020 тасдиқ гардида, маблағи боқимонда дар ҳаҷми 1,4 миллион доллар (транши 2) бо созишномаи алоҳида аз 28 августи соли 2020 ба имзо расонида шудааст.