https://sputnik.tj/20210518/vazironi-korhoi-khoriji-saad-dushanbe-1039514047.html
Вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои СААД ба Душанбе меоянд
Вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои СААД ба Душанбе меоянд
Sputnik Тоҷикистон
Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад
2021-05-18T11:00+0500
2021-05-18T11:00+0500
2021-07-21T19:23+0500
дар тоҷикистон
душанбе
саад
маҷлис
спад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/15/1029261547_0:17:1200:692_1920x0_80_0_0_0c8d26b5ab2fc120ac20a278f76bcecd.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Шӯрои вазирони СААД санаи 19 май таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузури иштирокчиёни он доир мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти СААД.Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок хоҳад кард. Манбаъ қайд кардааст, ки вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.Ҳамзамон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС — 3 (СНВ-3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг якчанд изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад кард.Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз оғози ҷаласаи мазкур, вазирони корҳои хориҷиро, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд. Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.
https://sputnik.tj/20210504/saad-sozish-otashbas-dushanbe-bishkekro-istiqbol-1039254373.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102926/15/1029261547_141:0:1200:794_1920x0_80_0_0_0b4207d4641de25c006ab3f25ac0a7b4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, саад, ҷаласа, душанбе
тоҷикистон, саад, ҷаласа, душанбе
Вазирони корҳои хориҷии узви кишварҳои СААД ба Душанбе меоянд
11:00 18.05.2021 (Навсозишуда: 19:23 21.07.2021) Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Шӯрои вазирони СААД санаи 19 май таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузури иштирокчиёни он доир мешавад, иттилоъ додааст хадамоти матбуоти СААД.
Гуфта шудааст, ки дар ҷаласаи мазкур дабири кулли СААД Станислав Зас иштирок хоҳад кард.
Манбаъ қайд кардааст, ки вазирони хориҷаи узви кишварҳои СААД ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди вазъияти байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти кишварҳои узви Созмон баррасӣ мекунанд.
Ҳамзамон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ оид ба ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ, тамдиди СТС — 3 (СНВ-3) ва 75-умин солгарди Ҳукми трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар Нюрнберг якчанд изҳороти муҳими сиёсӣ қабул хоҳад кард.
Инчунин Нақшаи машваратҳо оид ба масоили сиёсати хориҷӣ, амният ва мудофиа барои нимаи дуюми соли 2021 — нимаи аввали соли 2022 ва Нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 30-солагии имзои Созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СААД баррасӣ хоҳанд шуд.
Манбаъ зикр кардааст, ки пеш аз оғози ҷаласаи мазкур, вазирони корҳои хориҷиро, раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.
Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ААД) 15 майи соли 1992 дар Тошканд имзо шуда буд.
Ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон шомил мебошанд.