https://sputnik.tj/20210504/saad-sozish-otashbas-dushanbe-bishkekro-istiqbol-1039254373.html
СААД созиши оташбаси Душанбею Бишкекро истиқбол кард
СААД созиши оташбаси Душанбею Бишкекро истиқбол кард
Sputnik Тоҷикистон
СААД талоши Тоҷикистону Қирғизистонро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ намуд
2021-05-04T14:27+0500
2021-05-04T14:27+0500
2021-05-04T14:27+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
оташбас
қирғизистон
саад
муноқишаи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_f825b39bd1bf9675845cd8aa9944b198.jpg
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Созмони Аҳднома Амнияти Дастаҷамъӣ ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро истиқбол мекунад. Дар ин бора котиби матбуотии ташкилот Владимир Зайнетдинов иброз дошт.Ин созмон хоҳиши ҷумҳуриҳои ҳамсояро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ кард.Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.
https://sputnik.tj/20210504/marz-orom-hadamoti-marzboni-qirghiziston-1039251818.html
https://sputnik.tj/20210504/smm-dushanbe-bishkek-rioya-otashbas-davat-1039250637.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103141/37/1031413764_279:0:1000:541_1920x0_80_0_0_060b3e293cb793f312a1fd4042e851d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
саад, тоҷикистон, қирғизистон, муноцишаи марзӣ
саад, тоҷикистон, қирғизистон, муноцишаи марзӣ
СААД созиши оташбаси Душанбею Бишкекро истиқбол кард
СААД талоши Тоҷикистону Қирғизистонро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ намуд
ДУШАНБЕ, 4 май - Sputnik. Созмони Аҳднома Амнияти Дастаҷамъӣ ҳалли масоили марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро истиқбол мекунад.
Дар ин бора котиби матбуотии ташкилот Владимир Зайнетдинов иброз дошт.
"СААД аз ба даст овардани созишҳо дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Қирғизистон ва Тоҷикистон, инчунин хуруҷи қисмҳои низомӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол мекунад", - омадааст дар изҳорот.
Ин созмон хоҳиши ҷумҳуриҳои ҳамсояро барои ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марз бо усулҳои сиёсӣ ва дипломатӣ дастгирӣ кард.
Низоъ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон охири моҳи апрел шадидтар шуд.Низоъ дар "Головной", ки дар болооби дарёи Исфара воқеъ аст, сурат гирифт.
Бишкек итминон медиҳад, ки ин макон ба рӯйхати объектҳои муҳими стратегии Қирғизистон дохил карда шудааст.Душанбе қайд мекунад, ки он дар қаламрави Тоҷикистон ҷойгир аст.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, гунаҳкорони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ин биноро ишғол намуда, ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек, дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
То нисфирӯзии 29 апрел вазъ дар сарҳад аз назорат берун шуд ва ба тирпарронӣ байни марзбонони ҷумҳуриҳо табдил ёфт. Бо вуҷуди музокироти сатҳи олӣ, тирпарронӣ дар ҷойҳои интихобшуда то 1 май идома ёфт.
Рӯзи якшанбеи 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расониданд.
Аз 3 майи соли равон вазъ дар марзи байни ҷумҳуриҳо ором аст. Ҷонибҳо хуруҷи нерӯҳо ва техникаро ба ҷойҳои доимии худ баргардониданд.
Бино ба маълумоти охирин, аз Тоҷикистон 16 нафар кушта ва беш аз 110 нафар сокинон маҷрӯҳ шуданд.
Тибқи маълумоти Вазорати тандурустии Қирғизистон, ҳангоми задухӯрдҳои марзӣ 35 нафар кушта ва 183 нафар маҷрӯҳ шуданд.