https://sputnik.tj/20210518/tojikiston-ukraina-sanadi-nav-imzo-1039528179.html
Тоҷикистону Украина як санади нав имзо карданд
Тоҷикистону Украина як санади нав имзо карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо вазири умури хориҷаи Украина мулоқот кардааст
2021-05-18T17:24+0500
2021-05-18T17:24+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар тоҷикистон
ҳамкорӣ
сиёсат
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039528027_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_a49bcd7120dfc9f324c134fa1d6528d2.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Украина як санади нав имзо шуд.Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, миёни КВД "Садаф", Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ "Днепроэнергостал"-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд.Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 18 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин, сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва гуруҳи соҳибкорони ин кишварро ба ҳузур пазируфт."Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, омодагии хешро барои густариши робитаҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди пахта, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техникаҳои гуногун ва қисмҳои эҳтиётии онҳо изҳор намуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин бо изҳори сипос аз истиқболи гарму самимӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳо миёни доираи тиҷоратӣ андешаҳои хешро баён дошт.Дар поёни суҳбат миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва ҶДММ "Днепроэнергостал" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва ҶДММ "Днепроэнергостал"-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.Пештар хабар дода шуд, дар Душанбе даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид.Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд“.Гуфта шудааст, ки зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар фарҷоми ройзаниҳо муовини вазири корҳои хориҷии Украина, Евгений Енинро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.
https://sputnik.tj/20210517/taqviyati-hamkoriho-siyosivu-iqtisodii-tojikistonu-ukraina-1039509246.html
https://sputnik.tj/20210514/muloqot-rasulzod-mirziyoev-hamkori-1039452711.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/12/1039528027_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_6c92c7a564eb85b56406305dec86f454.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, украин, ҳамкорӣ
тоҷикистон, украин, ҳамкорӣ
Тоҷикистону Украина як санади нав имзо карданд
17:24 18.05.2021 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо вазири умури хориҷаи Украина мулоқот кардааст
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Байни Тоҷикистон ва Украина як санади нав имзо шуд.
Тавре дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, миёни КВД "Садаф", Донишкадаи политехникии ДТТ ва ҶДММ "Днепроэнергостал"-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуд.
Бино бар иттилои манбаъ, имрӯз, 18 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин, сафири Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк ва гуруҳи соҳибкорони ин кишварро ба ҳузур пазируфт.
Гуфта мешавад, аснои суҳбат ҷонибҳо вобаста ба рушду таҳкими муносибатҳо мубодилаи афкор намуда, созишномаҳои ҳамкориро ба имзо расониданд.
"Раиси вилоят ба меҳмонон доир ба вазъи иқтисодии вилоят ва имкониятҳои мавҷуда маълумот дода, омодагии хешро барои густариши робитаҳо, бунёди корхонаҳои муштарак, коркарди пахта, истифода аз захираву имконоти мавҷуда барои зиёд намудани воридоту содироти маҳсулот, таъминоти хоҷагии қишлоқ бо техникаҳои гуногун ва қисмҳои эҳтиётии онҳо изҳор намуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
Муовини вазири корҳои хориҷии Украина Евгений Енин бо изҳори сипос аз истиқболи гарму самимӣ ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо ва таҳкими муносибатҳо миёни доираи тиҷоратӣ андешаҳои хешро баён дошт.
Дар поёни суҳбат миёни Корхонаи воҳиди давлатии "Садаф" ва ҶДММ "Днепроэнергостал" ва Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ ва ҶДММ "Днепроэнергостал"-и Украина созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расид.
Пештар хабар дода шуд, дар Душанбе даври дувуми ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина баргузор гардид.
Ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои густариши равобити дуҷонибаро дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ карда, доир ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ ва ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд“.
Гуфта шудааст, ки зимни ройзаниҳои сиёсӣ тарафҳо ба тавофуқ расиданд, ки Барномаи ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар барои солҳои 2021-2022 аз сӯи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Украина Дмитрий Кулеба ба имзо расад.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар фарҷоми ройзаниҳо муовини вазири корҳои хориҷии Украина, Евгений Енинро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ҳузур пазируфт.