https://sputnik.tj/20210514/muloqot-rasulzod-mirziyoev-hamkori-1039452711.html
Мулоқоти Расулзода бо Мирзиёев: аз ҳамкорӣ то омодагӣ ба дидори президентҳо
Мулоқоти Расулзода бо Мирзиёев: аз ҳамкорӣ то омодагӣ ба дидори президентҳо
Sputnik Тоҷикистон
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон мулоқот кардааст
2021-05-14T16:38+0500
2021-05-14T16:38+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
расулзода
эмомалӣ раҳмон
тошканд
шавкат мирзиёев
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039451827_0:112:1280:832_1920x0_80_0_0_ceb37271e045426be2e9b36f8d98c0ab.jpg
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.Шавкат Мирзиёев, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳозира, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду кишвар ба даст омадааст, гуфта, изҳори қаноатмандӣ кардааст.Қохир Расулзода бошад, ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, саломи самимӣ ва таманниётҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.Зимни мулоқот ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои умедбахш дар соҳаи савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардаанд. Ҳамчунин тамосҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва соҳибкорӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт, афзудааст манбаъ. Сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ӯ барои омодасозии ҳамаҷонибаи саммити муштараки дарпешистодаи сарони давлатҳо, инчунин таъмини амиқи шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳо ва халқҳои бародар саъй хоҳад кард.Ёдовар мешавем, ҳоло сарвазири Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд қарор дорад.Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ имрӯзу фардо идома хоҳанд кард.Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард ва дар охири мулоқотҳо, имзои як қатор созишномаҳо низ дар назар аст.
https://sputnik.tj/20210514/rasulzoda-hayati-hukumat-toshkand-hamkori-1039438987.html
https://sputnik.tj/20210413/shavkat-mirziyoev-tojikiston-safar-1038321462.html
тошканд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039451827_91:0:1227:852_1920x0_80_0_0_213cbd76aa39d88325a667cc9618b4db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қоҳир расулзода, шавкат мирзиёев, тоҷикистон, ӯзбекистон
қоҳир расулзода, шавкат мирзиёев, тоҷикистон, ӯзбекистон
Мулоқоти Расулзода бо Мирзиёев: аз ҳамкорӣ то омодагӣ ба дидори президентҳо
16:38 14.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон, ки дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ дар Тошканд қарор дорад, бо Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон мулоқот кардааст
ДУШАНБЕ, 14 мая — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии президенти Ӯзбекистон, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷабҳаи амалӣ, таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Шавкат Мирзиёев, аз сатҳи баланди ҳамкориҳои ҳозира, ки ба туфайли иродаи сиёсӣ ва амалҳои қатъии роҳбарони ду кишвар ба даст омадааст, гуфта, изҳори қаноатмандӣ кардааст.
Қохир Расулзода бошад, ба президенти Ӯзбекистон барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, саломи самимӣ ва таманниётҳои неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонидааст.
Зимни мулоқот ҷонибҳо ба татбиқи лоиҳаҳои умедбахш дар соҳаи савдо, мошинсозӣ, энергетика, маъдан, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ, нақлиёт, сайёҳӣ ва тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир кардаанд.
Ҳамчунин тамосҳои фаъол дар сатҳи минтақавӣ ва соҳибкорӣ, барномаҳои мубодилаи фарҳангию гуманитарӣ идома хоҳанд ёфт, афзудааст манбаъ.
Сарвазири Тоҷикистон таъкид кардааст, ки ӯ барои омодасозии ҳамаҷонибаи саммити муштараки дарпешистодаи сарони давлатҳо, инчунин таъмини амиқи шарикии ҳамаҷонибаи кишварҳо ва халқҳои бародар саъй хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ҳоло сарвазири Тоҷикистон дар раъси як ҳайати ҳукуматӣ барои ширкат дар ҷаласаи 8-уми комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ дар Тошканд қарор дорад.
Мулоқотҳои намояндагони мақомоти ду ҷумҳурӣ имрӯзу фардо идома хоҳанд кард.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки ҳайати Тоҷикистон аз чанд корхонаи саноатии Тошканд дидан хоҳад кард ва дар охири мулоқотҳо, имзои як қатор созишномаҳо низ дар назар аст.