Портфели - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Фармони Президент дар бораи тағйироти кадрӣ: 4 нафар бо хоҳиши худ истеъфо доданд

© Пресс-служба президента ТаджикистанаПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.05.2021
Обуна шудан
Бо фармони кишвардори Тоҷикистон раисони суди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич аз вазифа барканор шуданд
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне, рӯзи 18 май раисони суди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштичро аз вазифа барканор кард.
Ба иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Шарифзода Мавҷуда Рауфӣ раиси суди шаҳри Хуҷанд ва Мирбобозода Ҳабибулло Муҳамадаюбӣ раиси суди ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бинобар расидан ба синни ниҳоии кор дар вазифаи судя барканор шуданд.
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.11.2020
“Шаъну шарафро паст зад”: Президент судя Холиқзодаро аз мақом барканор кард
Синни ниҳоии кор дар вазифаи судя дар Тоҷикистон барои мардон 63 ва барои занон 58 сол муайян шудааст.
Бар асоси матни фармони раисиҷумҳур, ки котибот нашр кардааст, 4 судяи дигар бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтанд.
Аз ҷумла Давлатзода Искандар Саъдулло судяи суди вилояти Хатлон, Расулзода Муҳаммад Аслидин судяи суди вилояти Хатлон, Ализода Эраҷ Асатулло судяи суди шаҳри Хуҷанд ва Аминзода Фирӯза Баҳромӣ судяи суди шаҳри Хуҷанд бо хоҳиши худ аз кор озод гардиданд.
Моҳи гузашта низ бо фармони Эмомалӣ Раҳмон се додрас, Аҳтам Раҷабалӣ судяи суди шаҳри Душанбе, додраси ноҳияи Дӯстӣ, Латофат Ҷаъфарзода ва судяи суди иқтисодии ВМКБ, Нозигул Мастоншо аз вазифа сабукдӯш шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0