“Шаъну шарафро паст зад”: Президент судя Холиқзодаро аз мақом барканор кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Президенти УзбекистонЭмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе
Эмомали Рахмон подписывает документы на заседании глав государств СНГ в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Холиқзода Акбар Ризоро бинобар паст задани шаъну эътибор аз мақом барканор кард

ДУШАНБЕ, 18 ноя - Sputnik. Президенти Тоҷикистон бо содир кардани фармоне Холиқзода Акбар Ризоро аз вазифаи раиси суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод кард, хабар медиҳад котиботи президенти Тоҷикистон.

Заседание правительства РТ  - Sputnik Тоҷикистон
“Шаъну шарафро паст зад”: Президент Собирзодаро баъди 4 моҳ барканор кард

" Холиқзода Акбар Ризо бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, аз вазифаи судяи суди ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд озод карда шавад", - омадааст дар фармони раисиҷумҳур.

Ёдовар мешавем дар гузашта раисиҷумҳур бо ҳамин сабаба Турсунзода Шараф судяи суди ноҳияи Айнӣ  ва Собирзода Зайдулло Фозил судяи суди шаҳри Ҳисор озод карда буд.

Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон дар гузашта аз фасодкориҳо дар фаъолияти додрасҳо изҳори нигаронӣ карда дастур дода буд, ки ҳангоми интихоби кадрҳо бисёр бодиққат шуд.

Пул деҳ ҷазоятро сабуктар мекунам: боздошти судя бо 30000 сомонӣ пора

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, савганд ёд мекунанд, ҳамчун фарзандам насиҳат мекунам, аммо 6 моҳ нашуда, даст ба ҷиноят мезананд.

Лентаи хабарҳо
0