https://sputnik.tj/20210509/navjuvonov-vazir-qirghiziston-vohurd-1039342986.html
Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд
Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд
Sputnik Тоҷикистон
Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохила дар вилояти Суғд бо Вазири корҳои дохилаи Қирғизистон Улан Ниёзбеков вохӯрд 09.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-09T20:16+0500
2021-05-09T20:16+0500
2021-05-09T21:03+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
вкд
қирғизистон
марз
абдулло навҷувонов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039144632_0:67:1281:787_1920x0_80_0_0_3230b3631ca3c9ec498ed0c65d6b3f27.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ва вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков доир гардид.Бар хабари Sputnik Қирғизистон, ҷонибҳо оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд.Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини татиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.Манбаъ меафзояд, Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ҳамоно ҳисоби хисорот аз таниши ахири марзиро идома медиҳад.Маҳз ба ҳамин хотир вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кард.Ӯ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави қисми низомии неруҳои дохилии № 707дар деҳаи Коктош шинос шуд.Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210509/tojikon-qirghiziston-deport-1039328962.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/1d/1039144632_70:0:1209:854_1920x0_80_0_0_7f8bcdc9cabfc5ab5c73da08eb710617.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистон
Навҷувонов ва вазири қирғиз гуруҳҳои муштараки пулиси ду кишварро таъсис доданд
20:16 09.05.2021 (Навсозишуда: 21:03 09.05.2021) Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохила дар вилояти Суғд бо Вазири корҳои дохилаи Қирғизистон Улан Ниёзбеков вохӯрд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Дар вилояти Бодканди Қирғизистон мулоқоти Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ва вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков доир гардид.
Бар хабари Sputnik Қирғизистон, ҷонибҳо оид ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ, танзими тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, риояи якҷояи қонуният ва тартибот мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин, Навҷувонов ва Ниёзбеков ба мувофиқа расиданд, ки дар марз навбатдории полиси ду кишварро барои таъмини татиботи ҷамъиятӣ ба роҳ монанд.
Манбаъ меафзояд, Вазорати умури дохилаи Қирғизистон ҳамоно ҳисоби хисорот аз таниши ахири марзиро идома медиҳад.
Маҳз ба ҳамин хотир вазири умури дохилаи Қирғизистон, Улан Ниёзбеков ба вилояти Бодканд сафар кард.
Ӯ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои нави қисми низомии неруҳои дохилии № 707дар деҳаи Коктош шинос шуд.
Ёдовар мешавем, вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид. Бар асоси иттилои расида, теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф 55 нафарро ташкил медиҳад. Тоҷикистон аз 19 кушта ва Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.