https://sputnik.tj/20210518/gharqshavi-noboligh--rudi-dushanbe-halokat-najot-1039511567.html
Ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе: ду нафараш ба ҳалокат расиду сеюмаш наҷот ёфт
Ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе: ду нафараш ба ҳалокат расиду сеюмаш наҷот ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе хабар дод. Ду ноболиғ ба ҳолокат расиду, нафари сеюм наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст
2021-05-18T09:00+0500
2021-05-18T09:00+0500
2021-08-10T16:49+0500
дар тоҷикистон
наҷот
бистарӣ
ғарқшавӣ
даргузашт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_613:162:2784:1383_1920x0_80_0_0_fb598d0b8046c2095fa4e9ad9a0ad82c.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон санаи 16 – уми майи соли равон се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд. Қайд карда шудааст, ки се писари ноболиғ, сокинони шаҳри Душанбе, ки яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буд, ҳангоми оббозӣ дар маҳалли Гулбута, шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони рӯди Душанбе ғарқ шуданд.Ба иттилои манбаъ, дастаи наҷотдиҳандагон, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот худи ҳамон рӯз ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.КҲФ-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки баъди боронҳо ва сардиҳои чанд рӯзи охир, дубора ҳаво гарм шуд ва маъмулан гармо бештар бачаҳоро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ҷалб мекунад.Дар ҳамин ҳол манбаъ аз волидон дархост кардааст, ки бештар аз пештар дар назорати фарзандони хурдсоли худ бошанд. “Беназоратӣ ҳамеша зояндаи фоҷеа буда, метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад. Мисоли ин рӯйдодест, ки ҳоло хондед. Аз як оила ду нафар ғарқи об шуданд, гарчи яке наҷот ёфт, вале ӯ низ дар ҳоли вазнин аст”, - зикр намудааст КҲФ.
https://sputnik.tj/20210513/navras-tojik-rusiya-najot-maktabhon-gharq-1039418748.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102987/69/1029876901_740:0:2784:1533_1920x0_80_0_0_d3c191daf9bb40d6c3910d08377eaad4.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ғарқшавӣ, ноболиғ, душанбе
тоҷикистон, ғарқшавӣ, ноболиғ, душанбе
Ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе: ду нафараш ба ҳалокат расиду сеюмаш наҷот ёфт
09:00 18.05.2021 (Навсозишуда: 16:49 10.08.2021) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии се ноболиғ дар рӯди Душанбе хабар дод. Ду ноболиғ ба ҳолокат расиду, нафари сеюм наҷот ёфт, вале дар ҳоли вазнин дар беморхона бистарӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 18 май – Sputnik. Бино ба иттилои КҲФ-и Тоҷикистон санаи 16 – уми майи соли равон се писари ноболиғ, ки ду нафари онҳо фарзандони як оила буданд, дар рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
“Ду нафар ба ҳалокат расиданд, якеро наҷот доданд ва он ҳам дар ҳоли вазнин дар бемористон аст. Сабаб беназоратии волидон”, - таъкид доштааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки се писари ноболиғ, сокинони шаҳри Душанбе, ки яке 11-сола, дуюмӣ 8-сола ва сеюмӣ 7-сола буд, ҳангоми оббозӣ дар маҳалли Гулбута, шафати Корхонаи коркарди қуму шағали ҶДММ “Дарё” дар оби хурӯшони рӯди Душанбе ғарқ шуданд.
“Шаҳрванд Қурбоналӣ Мирзоев, ки иттифоқан аз ин мавзеъ мегузашт, хеле чолокона худро дар дарё зад ва ду нафари онҳо: бародарон Муҳаммадрасул ва Муҳаммадҷонро аз об берун овард. Мутаасифона, яке аз онҳо аллакай ҳангоми ғарқ шудан ҷон дода буд. Дуюмиро фавран ба маҷтамаи тандурустии “Истиқлол” интиқол доданд ва ҳоло дар шуъбаи эҳёи ин беморхона бистарист”, - зикр намудааст КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, дастаи наҷотдиҳандагон, ки ба ҷойи ҳодиса расиданд, баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯиву наҷот худи ҳамон рӯз ҷасади навраси сеюмро аз об пайдо карда, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
КҲФ-и Тоҷикистон таъкид доштааст, ки баъди боронҳо ва сардиҳои чанд рӯзи охир, дубора ҳаво гарм шуд ва маъмулан гармо бештар бачаҳоро ба соҳили дарёву рӯдхонаҳо ва обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ҷалб мекунад.
Дар ҳамин ҳол манбаъ аз волидон дархост кардааст, ки бештар аз пештар дар назорати фарзандони хурдсоли худ бошанд.
“Беназоратӣ ҳамеша зояндаи фоҷеа буда, метавонад паёмадҳои нохуш дошта бошад. Мисоли ин рӯйдодест, ки ҳоло хондед. Аз як оила ду нафар ғарқи об шуданд, гарчи яке наҷот ёфт, вале ӯ низ дар ҳоли вазнин аст”, - зикр намудааст КҲФ.