https://sputnik.tj/20210518/boloravii-qurb-evro-bozori-arz-tojikiston-1039513333.html
Болоравии қурби евро дар бозори арзи Тоҷикистон идома дорад
Болоравии қурби евро дар бозори арзи Тоҷикистон идома дорад
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо болоравии қурби пули аврупоӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад
2021-05-18T10:35+0500
2021-05-18T10:35+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
доллар
бозори арз
евро
қурби асъор
болоравӣ
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/17/1030061727_0:0:1400:788_1920x0_80_0_0_472fe1a0f15eee22209494c786846cd0.jpg
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба иттилои Бонки миллӣ нисбат ба дирӯз қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ як каме поин омда, аммо болоравии арзиши евро дар бозори арзи миллӣ идома дорд.Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1524 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 0.1528 сомониро ташкил медод. Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,7493 сомониро фурӯхта мешавад. Дирӯз арзиши 1 евро дар бозори арзи ҷумҳурӣ 13,7334 сомони арзиш дошт.Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.7493 то 13.8800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.Қурби ҳаррӯзаи асъор аз сӯи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
https://sputnik.tj/20210311/Padrud-dollar-Rusiya-vobastagii-dollar-kam-dorad-1032981967.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/17/1030061727_187:0:1238:788_1920x0_80_0_0_a887592f8fd911e9b6b0bba9e2933dae.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, бозори арз, доллар, рубл, евро, болоравӣ
тоҷикистон, бонки миллӣ, бозори арз, доллар, рубл, евро, болоравӣ
Болоравии қурби евро дар бозори арзи Тоҷикистон идома дорад
10:35 18.05.2021 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки бар асоси ин нишондодҳо болоравии қурби пули аврупоӣ дар ҷумҳурӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 18 май — Sputnik. Ба иттилои Бонки миллӣ нисбат ба дирӯз қурби рубли русӣ нисбат ба сомонӣ як каме поин омда, аммо болоравии арзиши евро дар бозори арзи миллӣ идома дорд.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1524 сомонӣ нишон дода шудааст. Дирӯз арзиши 1 рубли русӣ дар бозори асъори Тоҷикистон 0.1528 сомониро ташкил медод.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, дар ҳоли афзоиш буда, ба баландтарин сатҳи нишондодҳо мерасад. Имрӯз дар Тоҷикистон 1 евро бар ивази 13,7493 сомониро фурӯхта мешавад. Дирӯз арзиши 1 евро дар бозори арзи ҷумҳурӣ 13,7334 сомони арзиш дошт.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 11.3200 то 11.3400 сомонӣ, 1 евро аз 13.7493 то 13.8800 сомонӣ ва 1 рубли русӣ аз 0.1524 то 0.1545 сомонӣ муқаррар шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи асъор аз сӯи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.