https://sputnik.tj/20210517/tojikiston-qirghiziston-garavgon-ozod-1039502244.html
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи ҳамдигарро озод карданд
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи ҳамдигарро озод карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон 6 шаҳрванди дар марз боздоштшударо озод кардаанд
2021-05-17T16:14+0500
2021-05-17T16:14+0500
2021-07-07T17:58+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
қирғизистон
озод
марз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102807/23/1028072368_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_45a74f9b8318a62af7e4a6c3d1e3ed1d.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, бо таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти ду кишвар дар Оқсой “се шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон раҳо карда шуданд”. Бино ба иттилои манбаъ, боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя субҳи 17 май аснои сафар ба самти Исфара дар Ворух сурат гирифтааст. Дар пайи ин ҳолат се шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз аз сӯи марзбонони тоҷик боздошт гардиданд. Зубайдулло Шомадов гуфт, ки марзбонони Қирғизистон се шаҳрванди моро аз "Газел" фароварда, дар деҳаи Оқсой гаравгон гирифтаанд. Шомадов дар бораи ному насаби боздоштшудаҳо изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, ки имрӯз дар натиҷаи гуфтушунид ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо карда шуданд. “Гуфтшуниди ҷонибҳо аз рӯи принсипи якдигарфаҳмӣ сурат гирифт”, - афзуд Шомадов. Номуайян боқӣ мондани хатти марз, борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ шудааст.Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210508/zarar-tojikiston-munoqisha-marzi-besh-11-million-somoni-1039319587.html
https://sputnik.tj/20210513/murojiati-hayrinisso-usufi-sokinoni-qirghiziston-1039412270.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102807/23/1028072368_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_2944cfb61d67a325355b6d43ab383828.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қирғизистн, шаҳрванд, гаравгон, озод
тоҷикистон, қирғизистн, шаҳрванд, гаравгон, озод
Тоҷикистону Қирғизистон шаҳрвандони боздоштшудаи ҳамдигарро озод карданд
16:14 17.05.2021 (Навсозишуда: 17:58 07.07.2021) Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон 6 шаҳрванди дар марз боздоштшударо озод кардаанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Исфара, бо таъйиди ин хабар ба
Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар натиҷаи гуфтушуниди мақомоти ду кишвар дар Оқсой “се шаҳрванди Тоҷикистон ва се шаҳрванди Қирғизистон раҳо карда шуданд”.
Бино ба иттилои манбаъ, боздошти се шаҳрванди Тоҷикистон аз ҷониби марзбонони кишвари ҳамсоя субҳи 17 май аснои сафар ба самти Исфара дар Ворух сурат гирифтааст.
Дар пайи ин ҳолат се шаҳрванди Қирғизистон барои убури ғайриқонунии марз аз сӯи марзбонони тоҷик боздошт гардиданд.
Зубайдулло Шомадов гуфт, ки марзбонони Қирғизистон се шаҳрванди моро аз "Газел" фароварда, дар деҳаи Оқсой гаравгон гирифтаанд.
“Дар пайи ин ҳолат марзбонони тоҷик низ се сокини Қирғизистонро барои убури ғайриқонунии марз дар қаламрави кишвар боздошт намуданд”, - гуфт сухангӯи ҳукумати Исфара.
Шомадов дар бораи ному насаби боздоштшудаҳо изҳори беиттилоӣ кард, вале гуфт, ки имрӯз дар натиҷаи гуфтушунид ҳамаи боздоштшудаҳо раҳо карда шуданд.
“Гуфтшуниди ҷонибҳо аз рӯи принсипи якдигарфаҳмӣ сурат гирифт”, - афзуд Шомадов.
Номуайян боқӣ мондани хатти марз, борҳо сабаби рух додани муноқишаҳои марзӣ шудааст.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.