Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Муроҷиати Хайриниссо Юсуфӣ ба сокинони Қирғизистон -навор

© Sputnik / Амир ИсаевЗампредседателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Высшего собрания) Республики Таджикистан Хайринисо Юсуфи
Зампредседателя Маджлиси намояндагон Маджлиси Оли (Высшего собрания) Республики Таджикистан Хайринисо Юсуфи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2021
Обуна шудан
Муовини раиси ҳизби халқии демократии Тоҷикистон аз шаҳрвандони Қирғизистон хостааст, ки "дар рӯзҳои мушкил барои ҳарду кишвар" тамоми нерӯро барои барқарории сулҳу субот дар марз равона намоянд
ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Хайриниссо Юсуфӣ ахиран дар муроҷиат видеои бо забонҳои русӣ ва қирғизӣ гуфт, мардуми Тоҷикистону Қирғизистон бояд дар сулҳу оромӣ зиндагӣ кунанд.
"Дар таърихи чандинасраи ҳамсоядорӣ якҷоя бисёр санҷишҳоро гузаштем, аз якдигар омӯхтем. Ҳар кадоми мо дар кишварҳои ҳамсоя ҳамкорони хубу шиносҳо ва дӯстону наздикон дорем. Моро хешутаборӣ, таърих ва дину фарҳанги ягона пайваст мекунад", - таъкид доштааст Хайриниссо Юсуфӣ дар муроҷиати видеоиаш дар Ютуб.
Ин муроҷиат пас аз тақрибан ду ҳафтаи муноқишаи мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон нашр шудааст. Дар ин муноқишаи марзӣ аз ду тараф даҳҳо нафар куштаву садҳо кас захмӣ шуданд.
Ёдрас мешавем, ки раҳбарии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистонро президент Эмомалӣ Раҳмон бар уҳда дорад.

Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Қазоқистон омода аст ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0