https://sputnik.tj/20210517/nigaronii-maqomoti-khujand-rioya-qoidahoi-behdoshti-covid19-1039509916.html
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз COVID–19
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз COVID–19
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар як ҷаласа изҳори нигаронӣ намудааст, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр талаботҳои ҳатмии беҳдоштиро барои ҷилавгири аз COVID-19 риоя намекунанд
2021-05-17T21:00+0500
2021-05-17T21:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар тоҷикистон
нигаронӣ
хуҷанд
мақомот
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032422686_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_67b388be786ca7bce890f9b0c51d3ccf.jpg
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дигарбораи бемории сироятии COVID–19 силсилаи мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони маориф, тандурустӣ, марказҳои савдо, кумитаи маҳаллаҳо ва ғайраҳо баргузор гардид.Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқот таъкид доштааст, ки дар кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон вазъ нигаронкунанда шудааст.Тахмина Усмонова афзуд, ки ҳарчанд аз оғози сол бемории короновирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ чораҳои дахлдор меандешад.Дар ин ҷаласа, зикр гардид, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус, эҳтиёткорӣ аст. Инчунин сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд. Зикр шудааст, ки роҳбарону масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар самт ҷилавгирӣ аз сирояти бемории короновирус тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.
https://sputnik.tj/20210426/rahmon-koronavirus-oqibat-bekor-qurb-1039049156.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/09/1032422686_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_883636cf30e30fc96a3ddcc5e7baa158.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, хуҷанд, коронавирус, нигаронӣ, беҳдошт
тоҷикистон, хуҷанд, коронавирус, нигаронӣ, беҳдошт
Нигаронии мақомоти Хуҷанд аз риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз COVID–19
21:00 17.05.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд дар як ҷаласа изҳори нигаронӣ намудааст, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр талаботи ҳатмии беҳдоштӣ барои ҷилавгирӣ аз COVID-19 - ро риоя мекунанд
ДУШАНБЕ, 17 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Хуҷанд, ахиран бо мақсади пешгирӣ аз мавҷи дигарбораи бемории сироятии COVID–19 силсилаи мулоқотҳо бо қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла намояндагони маориф, тандурустӣ, марказҳои савдо, кумитаи маҳаллаҳо ва ғайраҳо баргузор гардид.
Таҳмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни мулоқот таъкид доштааст, ки дар кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон вазъ нигаронкунанда шудааст.
Тахмина Усмонова афзуд, ки ҳарчанд аз оғози сол бемории короновирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашуда бошад ҳам, мақомоти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, барои пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ чораҳои дахлдор меандешад.
Дар ин ҷаласа, зикр гардид, ки ягона роҳи асосии сироят наёфтан ба бемории короновирус, эҳтиёткорӣ аст.
“Аз ин рӯ, роҳҳои асосии пешгирии ин ҳолат риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз ниқобҳои тиббӣ ва маҳлулҳои антисептикӣ, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, пайваста шустани дастон бо собун ва риояи фосила маҳсуб меёбанд”, - гуфт хонум Усмонова.
Инчунин сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд изҳори нигаронӣ намуд, ки мутаассифона, айни ҳол на ҳамаи сокинони шаҳр чунин талаботи ҳатмиро риоя мекунанд.
“Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯзҳо аксар вақт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам бахусус дар бозорҳо, нақлиёти ҷамъиятӣ ҳолати бениқоб гаштугузор кардани шаҳрвандон ва риоя накардани фосилаи иҷтимоӣ ба назар мерасад, ки аз беэҳтиётӣ ва нописандӣ дарак медиҳад”, - гуфт ӯ.
Зикр шудааст, ки роҳбарону масъулини дахлдор вазифадор карда шуданд, ки дар самт ҷилавгирӣ аз сирояти бемории короновирус тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд.