Дастури Путин барои имзои созишномаи ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ
Президент РФ В. Путин провел совещание с членами правительства РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.05.2021
Обуна шудан
Системаи нави мудофиаи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон эътимоди ҳифзи сарҳади давлатиро дар фазои ҳавоӣ баланд мебардорад
ДУШАНБЕ, 17 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин ба вазири мудофиа Сергей Шойгу супориш дод, ки бо Тоҷикистон дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ созишнома ба имзо расонад.
Фармони дахлдор дар портали расмии интернетии иттилооти ҳуқуқӣ ҷойгир карда шудааст.

"Дастур медиҳам, ки пешниҳоди ҳукумати Русияро дар бораи имзои созишнома байни Русия ва Тоҷикистон дар бораи ташкили системаи ягонаи минтақавии мудофиаи зиддиҳавоӣ қабул кунед", - гуфта мешавад дар санад.

Ғайр аз он, Путин ба Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои хориҷии Русия амр дод, ки бо ҷониби Тоҷикистон музокирот анҷом дода, ба мувофиқаҳои муайян бирасанд. Пас аз он, мақомоти кишварҳо метавонанд созишномаро имзо кунанд.
Қаблан таъсиси низоми дифои зиддиҳавоӣ бо Тоҷикистон аз ҷониби Сарвазири Федератсияи Русия Михаил Мишустин тасдиқ карда шуда буд.
Командно-штабные учения Кавказ-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
Ёдовар мешавем, ки ин ташаббус ба Вазорати мудофиаи Русия тааллуқ дорад. Лоиҳа аз ҷониби идораҳои дахлдори Тоҷикистон қаблан тасдиқ карда шудааст.
Тибқи созишнома, ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои системаи муттаҳидаи минтақавии дифоъи зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.
Давомнокии созишнома, ки кишварҳо онро имзо мекунанд, номуайян хоҳад буд. Дар ин ҳолат, ҳар кадоме аз тарафҳо метавонанд амали худро ҳар лаҳза қатъ кунанд. Пеш аз ин, бояд ба шарики худ огоҳиномаи хаттӣ фиристад.
Лентаи хабарҳо
0