https://sputnik.tj/20210512/hukumat-rusiya-tashkil-tojikiston-1039407834.html
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
Sputnik Тоҷикистон
Кабинаи вазирони Русия ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард 12.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-12T19:21+0500
2021-05-12T19:21+0500
2021-07-21T19:00+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032825472_0:0:3533:1987_1920x0_80_0_0_d0620981eeb09bbc65081b60fc6006b4.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Русия ба тарҳи ташкили Низоми муттаҳиди минтақавии мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон иҷозат дод.Қарори мазкурро раиси Ҳукумати кишвар Михаил Мишустин имзо кард.Гуфта мешавад, ин санад бо ВУХ Русия ва дигар ниҳодҳои марбута мувофиқа карда шудааст.Ташаббускори ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон Вазорати мудофиаи Русия мебошад. Лоиҳа пешакӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон коркард шуда буд.Созишнома барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин ирсол карда шудааст.Мушаххас шудааст, ки ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои низоми муштараки дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад. Ҳайати шахсиро фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад ва фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоъи зидди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалҳои муштараки нерӯҳоро дар ҳудуди минтақаи амнияти дастаҷамъӣ роҳбарӣ мекунад. Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоъиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳия ва тасдиқ кардаанд. Созишнома ҷузъи системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ хоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20200922/Rusiyavu-Tajikistan-fazoi-jumhuriro-yakjoya-himoyat-mekunand-1031941622.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/0f/1032825472_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_c9b179012edb98e59278eea1c8018fda.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, дар русия
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, дар русия
Ҳукумати Русия ташкили мудофиаи муштараки ҳавоӣ бо Тоҷикистонро иҷозат дод
19:21 12.05.2021 (Навсозишуда: 19:00 21.07.2021) Кабинаи вазирони Русия ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистонро тасвиб кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Ҳукумати Русия ба тарҳи ташкили Низоми муттаҳиди минтақавии мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон иҷозат дод.
Қарори мазкурро раиси Ҳукумати кишвар Михаил Мишустин имзо кард.
Гуфта мешавад, ин санад бо ВУХ Русия ва дигар ниҳодҳои марбута мувофиқа карда шудааст.
Ташаббускори ташкили низоми муштараки мудофиаи ҳавоӣ бо Тоҷикистон Вазорати мудофиаи Русия мебошад. Лоиҳа пешакӣ бо ниҳодҳои марбутаи Тоҷикистон коркард шуда буд.
Созишнома барои имзо ба президенти Русия Владимир Путин ирсол карда шудааст.
Мушаххас шудааст, ки ҳамоҳангсозии амали муштараки нерӯҳои низоми муштараки дифои зиддиҳавоии Русия ва Тоҷикистон аз ҷониби фармондеҳи кулли нерӯҳои фазонавардии Русия сурат мегирад.
Ҳайати шахсиро фармондеҳи Округи марказии ҳарбӣ роҳбарӣ мекунад ва фармондеҳии нерӯҳои ҳавоӣ ва дифоъи зидди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон амалҳои муштараки нерӯҳоро дар ҳудуди минтақаи амнияти дастаҷамъӣ роҳбарӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи ниҳоии ташкили системаи муштараки дифоъиро вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу ва вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо таҳия ва тасдиқ кардаанд.
Созишнома ҷузъи системаи ягонаи дифои зиддиҳавоии ИДМ хоҳад шуд.