https://sputnik.tj/20210516/safir-eron-tojikiston-forsi-1039481251.html
Сафири тоҷик дар Эрон: забони форсӣ ҳувияти тоҷиконро ҳифз кард
Сафири тоҷик дар Эрон: забони форсӣ ҳувияти тоҷиконро ҳифз кард
Sputnik Тоҷикистон
Вай ишора ба ин кард, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон раванди бозёбии ҳуввияти фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ оғоз шуд 16.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-16T14:42+0500
2021-05-16T14:42+0500
2021-06-10T13:43+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
эрон
забони форсӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/15/1029471583_0:257:2731:1793_1920x0_80_0_0_5b2801b49accaf660e52323fc447f7f2.jpg
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон забони муштаракро нигаҳбони ҳуввияти миллӣ донист ва гуфт : Забони форсӣ нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд.Ба гузориши "Парс тудей", Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳамоиши маҷозии “Посдошти забону адабиёти форсӣ дар минтақаи ЭКО” дар ин бора изҳори назар кард."Дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вақте ҳамаи омилҳои ҳуввиятзудоӣ доман паҳн карданд, ҳамаи рисолати ҳифзи ҳуввияти фарҳанги порсиро забони тоҷикӣ ба унвони шохае аз забони форсӣ ба душ кашид ва нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд", - гуфт вай.Сафири ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо баёни ин ки забони форсӣ асолати фарҳанги Эронзаминро дар бистари тамаддунсози ислом ҳифз кард.Зоҳидӣ изофа кард : Ин забон мазҳари ягонагии Эрони фарҳангӣ аст ва вазифаи мост, ки ин дарахтро аз газанди забони ҷаҳонӣ ҳифз кунем ва барои ояндагон ба мерос бигузорем; чунон ки пешиниён онро ба дасти мо супурданд.
https://sputnik.tj/20210514/payomi-safiri-eron-tojikiston-hakim-abulqosim-firdavsi-1039460716.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102947/15/1029471583_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1336baca25e88e636d16dfc19605931f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, фарҳанг, эрон, забони форсӣ, сиёсат
дар тоҷикистон, фарҳанг, эрон, забони форсӣ, сиёсат
Сафири тоҷик дар Эрон: забони форсӣ ҳувияти тоҷиконро ҳифз кард
14:42 16.05.2021 (Навсозишуда: 13:43 10.06.2021) Вай ишора ба ин кард, ки пас аз истиқлоли Тоҷикистон раванди бозёбии ҳуввияти фарҳангӣ бо забони тоҷикӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 16 май — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Эрон забони муштаракро нигаҳбони ҳуввияти миллӣ донист ва гуфт : Забони форсӣ нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд.
Ба гузориши "Парс тудей", Низомиддин Зоҳидӣ дар ҳамоиши маҷозии “Посдошти забону адабиёти форсӣ дар минтақаи ЭКО” дар ин бора изҳори назар кард.
"Дар Тоҷикистон дар даврони Шуравӣ вақте ҳамаи омилҳои ҳуввиятзудоӣ доман паҳн карданд, ҳамаи рисолати ҳифзи ҳуввияти фарҳанги порсиро забони тоҷикӣ ба унвони шохае аз забони форсӣ ба душ кашид ва нагузошт тоҷикҳо аз фарҳанги худ ҷудо шаванд ва ҳастии худро фаромӯш кунанд", - гуфт вай.
Сафири ҷумҳӯрии Тоҷикистон бо баёни ин ки забони форсӣ асолати фарҳанги Эронзаминро дар бистари тамаддунсози ислом ҳифз кард.
"Имрӯз забони муштараки мо дарахти борвареро мемонад, ки решаҳои амиқу тани маҳкам ва се шохаи маҳками тоҷикӣ, дарӣ ва форсии Эронро дорад ", - афзуд вай.
Зоҳидӣ изофа кард : Ин забон мазҳари ягонагии Эрони фарҳангӣ аст ва вазифаи мост, ки ин дарахтро аз газанди забони ҷаҳонӣ ҳифз кунем ва барои ояндагон ба мерос бигузорем; чунон ки пешиниён онро ба дасти мо супурданд.