https://sputnik.tj/20210515/qirghizho--honai-sokin-chorkuh-otash-1039472108.html
Мақомоти Исфара: қирғизҳо хонаи сокини Чоркӯҳро оташ зада, 250 дарахташро шикастаанд - акс
Мақомоти Исфара: қирғизҳо хонаи сокини Чоркӯҳро оташ зада, 250 дарахташро шикастаанд - акс
Sputnik Тоҷикистон
Як гурӯҳ сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон, шоми дирӯз хонаи як сокини ҷамоати Чоркӯҳро оташ задаанд 15.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-15T17:04+0500
2021-05-15T17:04+0500
2021-05-16T09:27+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
исфара
хона
муноқишаи марзӣ
чоркуҳ
оташ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0f/1039472062_0:278:720:683_1920x0_80_0_0_5936fa303729fc36db9622d274f7d229.jpg
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми дирӯз, тахминан соатҳои 20:00 сар зад.Ба иттилои манбаъ, хонае, ки оташ заданд аз як сокини маҳаллаи Хайрободи Тоҷикистон буда, дар 100 метир дуртар аз хатти марз ҷойгир аст. Ба иттилои манбаъ, чунин амалкарди ҳамсояҳо дасисаи навбатии марзӣ мебошад.Ин манбаъ гуфт, қирғизҳо бо оташзанӣ қаноат накарда ҳамзамон беш аз 250 ниҳоли зардолуро шикаставу решакан кардаанд.Аз ҳукумати шаҳри Исфара низ бо тасдиқи ин хабар ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, барои чунин амали сокинон ҳатто марзбонони қирғиз монеагӣ эҷод накада, балки мусоидат кардаанд.Чунин амалкардро аз ҳукумати Исфара хилофи созишномаи ахири байниҳукуматӣ хонданд.Манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳодисаро мақомоти ҷониби Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд. Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону ҚирғизистонВазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
https://sputnik.tj/20210509/bozdid-ahmadzoda-sohtmon-manzilho-harobshuda-1039337849.html
исфара
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0f/1039472062_0:210:720:750_1920x0_80_0_0_cd740cdf2966c1c7f9eae188a453e710.jpg Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
исфара, хона, муноқишаи марзӣ, чоркуҳ, оташ
исфара, хона, муноқишаи марзӣ, чоркуҳ, оташ
Мақомоти Исфара: қирғизҳо хонаи сокини Чоркӯҳро оташ зада, 250 дарахташро шикастаанд - акс 17:04 15.05.2021 (Навсозишуда: 09:27 16.05.2021 )
Як гурӯҳ сокинони деҳоти наздимарзии Қирғизистон, шоми дирӯз хонаи як сокини ҷамоати Чоркӯҳро оташ задаанд
ДУШАНБЕ, 15 май - Sputnik. Манобеъ аз ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, ҳодиса шоми дирӯз, тахминан соатҳои 20:00 сар зад.
Ба иттилои манбаъ, хонае, ки оташ заданд аз як сокини маҳаллаи Хайрободи Тоҷикистон буда, дар 100 метир дуртар аз хатти марз ҷойгир аст.
© Sputnik Қирғизҳо як хонаи сокини Чоркӯҳро оташ задаву садҳо дарахташро шикастаанд
Қирғизҳо як хонаи сокини Чоркӯҳро оташ задаву садҳо дарахташро шикастаанд

© Sputnik Хонаи сӯхтаи сокини ҷамоати Чоркӯҳ
Хонаи сӯхтаи сокини ҷамоати Чоркӯҳ

Ба иттилои манбаъ, чунин амалкарди ҳамсояҳо дасисаи навбатии марзӣ мебошад.
"Хонае, ки дар ҷамоати Чоркуҳ оташ гирифт аз шаҳрванди Тоҷикистон Баҳром Ғафуров мебошад, ки иборад аз чор ҳучра буда, пурра бо таҷҳизоташ ба коми оташ рафтааст", -, гуфт манбаъ.
Ин манбаъ гуфт, қирғизҳо бо оташзанӣ қаноат накарда ҳамзамон беш аз 250 ниҳоли зардолуро шикаставу решакан кардаанд.
Аз ҳукумати шаҳри Исфара низ бо тасдиқи ин хабар ба Спутник Тоҷикистон гуфтанд, барои чунин амали сокинон ҳатто марзбонони қирғиз монеагӣ эҷод накада, балки мусоидат кардаанд.
Чунин амалкардро аз ҳукумати Исфара хилофи созишномаи ахири байниҳукуматӣ хонданд.
Манбаъ гуфт, дар ҳоли ҳозир ҳодисаро мақомоти ҷониби Тоҷикистон таҳқиқ мекунанд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.