https://sputnik.tj/20210509/bozdid-ahmadzoda-sohtmon-manzilho-harobshuda-1039337849.html
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
Sputnik Тоҷикистон
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сокиноне, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҷабри зиёд диданд, ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби хонаҳои нав... 09.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-09T16:30+0500
2021-05-09T16:30+0500
2021-05-09T16:46+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
марз
сохтмони манзилҳо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039337786_0:0:1280:721_1920x0_80_0_0_f59487535998f82c3a7ec7f44eb7ef6c.jpg
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба деҳаҳое, ки аснои таниши марзӣ хароб шуда, аксар деҳнишинон алъон бидуни манзили зист мондаанд, тамоми масолеҳи сохтмонӣ интиқол дода шуд.Бар хабари котиботи раиси вилояти Суғд, рӯзи гузашта Раҷаббой Аҳмадзода барои шинос шудан ба рафти корҳои сохтмонӣ ба деҳаҳи Хоҷаи Аъло ва Сомониён сафар кард.Аҳмадзода ба сокинони ин де деҳа ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби манзилҳои нав мегарданд.Раиси вилоят аз оилаҳои зарардида боздид намуда, ба онҳо либосу пойафзол тақсим кард.Гуфта мешавад, ҳоло мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳои навро тоза карда истодаанд.Ба сокиноне, ки дар муноқишаи ахири марзӣ ҷабри зиёд диданд, ҳам азх номи роҳбари давлат ва ҳамчунин аз номи соҳибкорону ашхоси саховаманд кумакҳои мунтазами моддӣ дастрас гардида истодааст.Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Исфара аз хароб шудани беш аз 55 хона дар муноқиаи ахири марзӣ бо Қирғизистон хабар дода буд. Аз ҷумла 15 хона дар Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 хона дар ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 адад ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра ва ё қисман хароб шудаанд.
https://sputnik.tj/20210508/zarar-tojikiston-munoqisha-marzi-besh-11-million-somoni-1039319587.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/09/1039337786_74:0:1211:853_1920x0_80_0_0_8688927cafd9acb914d1cb31fb52408c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд, раҷаббой аҳмадзода, сомониён, хоҷаи аъло
суғд, раҷаббой аҳмадзода, сомониён, хоҷаи аъло
Боздиди Аҳмадзода аз сохтмони манзилҳои харобшуда дар марз ва тақсими либос ба сокинон
16:30 09.05.2021 (Навсозишуда: 16:46 09.05.2021) Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба сокиноне, ки бар асари муноқишаи марзӣ ҷабри зиёд диданд, ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби хонаҳои нав мешаванд
ДУШАНБЕ, 9 май — Sputnik. Ба деҳаҳое, ки аснои таниши марзӣ хароб шуда, аксар деҳнишинон алъон бидуни манзили зист мондаанд, тамоми масолеҳи сохтмонӣ интиқол дода шуд.
Бар хабари
котиботи раиси вилояти Суғд, рӯзи гузашта Раҷаббой Аҳмадзода барои шинос шудан ба рафти корҳои сохтмонӣ ба деҳаҳи Хоҷаи Аъло ва Сомониён сафар кард.
Аҳмадзода ба сокинони ин де деҳа ваъда дод, ки дар муддати як моҳ онҳо соҳиби манзилҳои нав мегарданд.
Раиси вилоят аз оилаҳои зарардида боздид намуда, ба онҳо либосу пойафзол тақсим кард.
Гуфта мешавад, ҳоло мардуми шаҳру деҳоти Исфара якдилона ба ҳашар баромада, маҳалли бунёди хонаҳои навро тоза карда истодаанд.
Ба сокиноне, ки дар муноқишаи ахири марзӣ ҷабри зиёд диданд, ҳам азх номи роҳбари давлат ва ҳамчунин аз номи соҳибкорону ашхоси саховаманд кумакҳои мунтазами моддӣ дастрас гардида истодааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати шаҳри Исфара аз хароб шудани беш аз 55 хона дар муноқиаи ахири марзӣ бо Қирғизистон хабар дода буд.
Аз ҷумла 15 хона дар Ҷамоати деҳоти Ворух, 6 хона дар ҷамоати деҳоти Сурх, аз Ҷамоати деҳоти Шаҳрак 5 адад ва аз Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ бошад 29 хона пурра ва ё қисман хароб шудаанд.