https://sputnik.tj/20210514/omor-ohiri-giriftori-ba-virusi-korona-1039453800.html
Омори охири гирифторӣ ба вируси корона дар ҷаҳон: эълони изтиробовари СҶБ
Омори охири гирифторӣ ба вируси корона дар ҷаҳон: эълони изтиробовари СҶБ
Sputnik Тоҷикистон
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад
2021-05-14T17:00+0500
2021-05-14T17:00+0500
2021-08-10T17:02+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
дар ҷаҳон
ҳиндустон
тандурустӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038807403_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_f39af87524f368229c0bf0029b044075.jpg
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Шумори умумии сироятёфтагон ба вируси корона дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафар ҷони худро аз даст дод. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.Италия хабар дод, ки шумори фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 123 ҳазору 745 нафар расидааст ва зарфи 24 соати гузашта боз 201 нафар ҷони худро аз даст дод.Дар қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ гирифторони нав ба коронавирус ба қайқд гирифта шудааст. Дар айни замон тибқи иттилои расмӣ коронавирус дар ду намояндаи неруҳои хушкигард ифшо шудааст. Ҳоло шумори умумии мубталоён ба ин вирус дар қувваҳои мусаллаҳи Куреи Ҷанубӣ ба 850 нафар расидааст.Дар Гурҷистон зарфи як шабонарӯз бар асари ташхиси 31 982 нафар ба SARS-CoV-2 776 ҳодисаи нави сироят ба коронаиврус ба қайд гирифта шудааст. То ин шабу рӯз дар Гурҷистон 326 441 нафар мубтало ба коронавирус шудаанд ва шумори фавтидагон ба 4379 нафар расидааст. Молдова аз сирояти боз 224 нафар хабар дод. Ҳоло дар беморхонаҳои ин кишвар 1388 гирифтори COVID-19 табобат мешаванд ва 171 нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд. Шумори умумии гиифторон ба COVID-19 дар ин кишвар 253 ҳазору 173 нафар буда, аз аввали ҳамагирӣ 5981 нафар фавтидаанд.Шабонарӯзи гузашта дар Украина 6813 сироятшудаи нав ошкор шуд ва 346 беморони ин вирус ҷон бохтанд. Бештар сиряотшудагони нав дар шаҳрҳои Киев ва Харков – 726 ва 635 нафар ошкор шуданд.Русия аз ифшои боз 8380 ва марги 392 нафар ба COVID-19 хабар дод. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 4 миллиону 913 ҳазору 439 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 114 ҳазору 723 нафар фавтиданд.Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2283 нафари дигарро чун гирифтори коронавирус сабт карданд ва бештари ин сироятёфтагони нав дар шаҳрҳои Олмаато ва Нурсултон буданд.То 14-уми майи соли 2021 дар Ӯзбекистон 95 826 нафар чун мубтало ба COVID-19 сабт шудаанд ва аз ин вирус 667 нафар фавтидаанд. Зарфи 24 соати гузашта ягон ҳодисаи марг бар асари коронаиврус ба қайд гирифта нашудааст.
https://sputnik.tj/20210514/afzoishi-qurboniyoni-koronavirus-qazoqiston-1039439177.html
https://sputnik.tj/20210511/tojikiston-koronavirus-vaksina-1039380749.html
ҳиндустон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/04/14/1038807403_204:0:2935:2048_1920x0_80_0_0_b6bde731178faf4ba4c97ea3f31c43eb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вируси корона, ҷаҳон, гирифторӣ, штамми ҳиндӣ
вируси корона, ҷаҳон, гирифторӣ, штамми ҳиндӣ
Омори охири гирифторӣ ба вируси корона дар ҷаҳон: эълони изтиробовари СҶБ
17:00 14.05.2021 (Навсозишуда: 17:02 10.08.2021) Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт эълон кард, ки зарфи як ҳафтаи охир штамми ҳиндии коронавирус тавонист вориди 49 кишвари дигари олам шавад
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Шумори умумии сироятёфтагон ба вируси корона дар кулли кишварҳо аз 160 миллион гузашт.
Шабонарӯзи гузашта дар Олмон 17 419 мубталои нав ба COVID-19 ба қайд гирфита шуд ва дар ин муддат 278 нафар ҷони худро аз даст дод. Маврид ба ёдоварист, ки пештар дар як шабонарӯз дар Олмон 14 909 сироятшудаи навро ба қайд гирифта буданд.
Италия хабар дод, ки шумори фавтидагон аз коронавирус дар ин кишвар аз аввали ҳамагирӣ ба 123 ҳазору 745 нафар расидааст ва зарфи 24 соати гузашта боз 201 нафар ҷони худро аз даст дод.
Дар қувваҳои мусаллаҳи Кореяи Ҷанубӣ гирифторони нав ба коронавирус ба қайқд гирифта шудааст. Дар айни замон тибқи иттилои расмӣ коронавирус дар ду намояндаи неруҳои хушкигард ифшо шудааст. Ҳоло шумори умумии мубталоён ба ин вирус дар қувваҳои мусаллаҳи Куреи Ҷанубӣ ба 850 нафар расидааст.
Дар Гурҷистон зарфи як шабонарӯз бар асари ташхиси 31 982 нафар ба SARS-CoV-2 776 ҳодисаи нави сироят ба коронаиврус ба қайд гирифта шудааст. То ин шабу рӯз дар Гурҷистон 326 441 нафар мубтало ба коронавирус шудаанд ва шумори фавтидагон ба 4379 нафар расидааст.
Молдова аз сирояти боз 224 нафар хабар дод. Ҳоло дар беморхонаҳои ин кишвар 1388 гирифтори COVID-19 табобат мешаванд ва 171 нафари онҳо дар ҳоли вазнинанд. Шумори умумии гиифторон ба COVID-19 дар ин кишвар 253 ҳазору 173 нафар буда, аз аввали ҳамагирӣ 5981 нафар фавтидаанд.
Шабонарӯзи гузашта дар Украина 6813 сироятшудаи нав ошкор шуд ва 346 беморони ин вирус ҷон бохтанд. Бештар сиряотшудагони нав дар шаҳрҳои Киев ва Харков – 726 ва 635 нафар ошкор шуданд.
Русия аз ифшои боз 8380 ва марги 392 нафар ба COVID-19 хабар дод. Аз аввали пандемия дар ин кишвар 4 миллиону 913 ҳазору 439 нафар ба ин вирус сироят шуданд ва 114 ҳазору 723 нафар фавтиданд.
Дар Қазоқистон шабонарӯзи гузашта 2283 нафари дигарро чун гирифтори коронавирус сабт карданд ва бештари ин сироятёфтагони нав дар шаҳрҳои Олмаато ва Нурсултон буданд.
То 14-уми майи соли 2021 дар Ӯзбекистон 95 826 нафар чун мубтало ба COVID-19 сабт шудаанд ва аз ин вирус 667 нафар фавтидаанд. Зарфи 24 соати гузашта ягон ҳодисаи марг бар асари коронаиврус ба қайд гирифта нашудааст.