Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

Афзоиши якбораи теъдоди қурбониёни коронавирус дар Қазоқистон

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.05.2021
Обуна шудан
Дар маҷмӯъ, дар Қазоқистон 353 140 ҳолати сироятшавӣ ба коронавирус ва 53 884 ҳолати гирифторӣ ба илтиҳоби шуш ошкор шудааст
ДУШАНБЕ,14 май — Sputnik. Вазорати тандурустии Қазоқистон омори нави фавт аз сирояти коронавирус ва илтиҳоби шуш бо нишонаҳои COVID-19 - ро нашр кард.
То 13 май 33 нафар аз коронавирус, чор нафар беморон аз илтиҳоби шуш бо нишонаҳои COVID-19 фавтиданд.
Як рӯз қабл дар маҷмӯъ 25 нафар қурбони коронавирус шуда буданд.
Вазорати тандурустӣ: ягон нафар аз ваксинаи зидди COVID-19 дар Тоҷикистон нафавтидааст
То рӯзи 14 май табобати 39.472 нафар идома дорад, аз ҷумла 14.279 беморон дар беморхонаҳо ва 25193 нафар дар табобати амбулаторӣ қарор доранд.
Вазъи беморон чунин арзёбӣ мешавад:
дар ҳолати вахим - 774 бемор;
дар ҳолати ниҳоят вазнин- 180;
пайваст ба асбоби нафасдиҳии сунъӣ - 110 нафар.
Тибқи маълумоти охир, дар Қазоқистон дар маҷмӯъ 353 140 ҳолати сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Ин беморӣ то кунун ҷони 4 017 нафарро гирифтааст.
Дар Ҳиндустон ҳоло ҳам вазъ ваҳим: СУТ омори нави коронавирусро нашр кард
Бемории илтиҳоби шуш бо нишонаҳои COVID-19 дар 53,884 нафар ташхис шудааст (то 1 августи соли 2020), 851 бемор фавтид.
Лентаи хабарҳо
0