Тафсилоти куштори ҷавони 23 - сола аз дасти бародари худ дар Рӯдакӣ: 10 корд зад - навор

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Ҷавони 21 - сола дар ноҳияи Рӯдакӣ бародари худро бо як бераҳмӣ аз ҳаёт маҳрум кард
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кормандони милисия дар ноҳияи Рӯдакӣ тафсилоти қатли як ҷавони 23 - соларо нашр намуданд, ки аз дасти бародари худ кушта шудааст.
Дар асоси наворе, ки Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашр намуд, ҳодисаи одамкушӣ рӯзи 27 апрел дар деҳаи Гулбутта 4- и ноҳияи Рӯдакӣ рух додааст.
Кормандони пулис ҷасади Биглиюнов Рамазони 23 - соларо бо аломатҳои марги маҷбурӣ дар манзили зисташ пайдо намуданд.
Зимнан, бо роҳандозӣ намудани чораҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ, бародари 21- солаи марҳум, Биглиюнов Маҳмадшоҳ дастгир карда шуд, ки дар қатли бародари худ муттаҳам дониста мешавад.
Ба нақли худи ҷавон, ӯ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани бародараш мошин киро карда шаби 26 ба 27 апрел ба хонаи охирон омада, бо истифода аз зарби 10 корд фарзанди падарашро кушт.
Сипас барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардаи худ, ӯ корду дастпӯшро ба дарё андохта аз ҷойи ҳодиса фирор кард.
Манбаъ меафзояд, феълан нисбати Маҳмадшоҳ бо моддаи 104 (одамкушӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0