https://sputnik.tj/20210514/angelina-padar-tojik-1039459462.html
Ангелина баъди 18 сол дар 18 соат падари тоҷикашро ёфт
Ангелина баъди 18 сол дар 18 соат падари тоҷикашро ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Ҷунайдулло Худоёров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки падари Ангелинаро баъди 18 сол дар 18 соат пайдо кард.
2021-05-14T19:19+0500
2021-05-14T19:19+0500
2023-02-08T19:47+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039457881_0:92:640:452_1920x0_80_0_0_cd4c7638732509b85772eb37e4c9a35a.jpg
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Ангелина ном духтараки 18-сола, сокини шаҳраки Берёзовои Огруки худмухтори Ханти Мантински Русия ба як тоҷикистонӣ Ҷунайдулло Худоёров муроҷиат кардааст, ки дар пайдо намудани падараш Диловар Мирзоев кӯмак кунад.Эълон дар бораи ҷустуҷӯи падари тоҷики Ангелина дирӯз, 13 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн гардид.Бино бар навиштаи Худоёоров, Ангелина ва модараш Анна, дар шаҳрки Берёзово ба сар мебаранд.Вай афзуд, "баъдан ман ба ӯ пешниҳод намудам, ки "агар хоҳӣ падаратро пайдо кунем"."Вай гуфт, фикр мекунам ва баъди ду моҳ аз кор рафту дигар ӯро надидам. Ангелина бо гузашти 4 моҳ дирӯз ҳамроҳи модараш занг зада, хоҳиш карданд, ки дар пайдо кардани падараш кӯмак кунам" - меафзояд вай.Ба гуфтаи Ҷунайдолло аз қавли модари духтарак, зан бо падари Ангелина, Диловар Мирзоев тақрибан дар аввалҳои солҳои 2000-ум дар шаҳраки Березовои ХМАО шинос шуда, як сол зиндагии якҷоя доштанд.Худоёров меафзояд, ман ҳам ҳисси кунҷкобиам боло рафту пурсидам, ки агар падари духтарат тоҷик аст, пас чаро номи падари духтаратон дар ҳуҷҷатҳояш Дмитриевна навишта шудааст."Ҳамаи сокинони шаҳраки Березово Диловарро бо номи Дима мешинохтанд. Аз ҳамин сабаб номи хонаводагии худамро барояш додам ва номи падарашро Дмитриевна сабт намудам", - афзудааст зан.Вақте аз Анна сабаби аз ҳам пошидани оилааш бо Диловарро пурсидаанд, бо додари зиндониаш рабт додааст."Ман як додар доштам, ки зиндон шуда буд. Вақте Диловар фаҳмид, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад, тарки ман кард ва куҷое рафту барнагашт", - идома додааст модари Ангелина.Модар баъд аз 30 сол фарзандони гумшудаашро дар Тоҷикистон пайдо кард - наворИмрӯз, 14 май Ҷунайдулло Худоёров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки падари Ангелинаро баъди 18 сол дар 18 соат пайдо кард. "Имрӯз модари Ангелина бо ман тамос гирифта, изҳори миннатдорӣ намуд, ки падару амаки Ангелина бо духтарак тамос гирифтаанд. Духтар бо падараш телефонӣ сӯҳбат кардааст", - навишт Худоёров.Ҳамин тавр, Диловар Мирзоеви 45-сола, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, феълан дар шаҳри Волгоград кору зиндагӣ мекардааст. Ӯ бо зани армание оиладор ва соҳиби фарзанд будааст.Ӯ гуфтааст, ки дар ҳақиқат бо Анна зиндагии якҷоя доштанд, аммо намедонист, ки аз вай духтар дорад.Ангелина дар сӯҳбат бо Худоёров аз тоҷикони муқими Русия барои кӯмак дар пайдо кардани падараш изҳори сипос кардааст."Ба шумо ва ҳамаи ононе, ки дар пайдо кардани падарам кӯмак карданд, миннатдорам. Умед надоштам, ки ба зудӣ падарамро пайдо мекунам, хело шодам", - таъкид кардааст вай.
https://sputnik.tj/20210207/Muhojir-tojik-farzand-mashuka-navor-1032776881.html
https://sputnik.tj/20200927/Syabitova-sharh-dod-ki-charo-zanoni-rus-bo-muhoiron-izdivoj-mekunand-1031970601.html
https://sputnik.tj/20210327/Volochkova-maosh-khizmatgorzan-tojik-1033087272.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/05/0e/1039457881_0:32:640:512_1920x0_80_0_0_57598782436fbdecdaf8ff5a71b526ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, муҳоҷират, духтар, падар, тоҷик
русия, муҳоҷират, духтар, падар, тоҷик
Ангелина баъди 18 сол дар 18 соат падари тоҷикашро ёфт
19:19 14.05.2021 (Навсозишуда: 19:47 08.02.2023) Дар Русия духтараке падари тоҷикашро тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҷустуҷӯ кард ва бо кӯмаки тоҷикистониён пайдо намуд
ДУШАНБЕ, 14 май - Sputnik. Ангелина ном духтараки 18-сола, сокини шаҳраки Берёзовои Огруки худмухтори Ханти Мантински Русия ба як тоҷикистонӣ Ҷунайдулло Худоёров муроҷиат кардааст, ки дар пайдо намудани падараш Диловар Мирзоев кӯмак кунад.
Эълон дар бораи ҷустуҷӯи падари тоҷики Ангелина дирӯз, 13 май дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук паҳн гардид.
Бино бар навиштаи Худоёоров, Ангелина ва модараш Анна, дар шаҳрки Берёзово ба сар мебаранд.
"Ман дар ҳамин шаҳрак дар мағозае ба ҳайси маъмур кор мекунам. Чанде моҳ пеш, Ангелинаро ба кор гирифтам. Вақте вай пурсид, ки миллатам чист, гуфтам, тоҷик. Ӯ дар посух гуфт, падари ман низ тоҷик аст, вале ман ӯро надидаам", - гуфт Худоёров дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Вай афзуд, "баъдан ман ба ӯ пешниҳод намудам, ки "агар хоҳӣ падаратро пайдо кунем".
"Вай гуфт, фикр мекунам ва баъди ду моҳ аз кор рафту дигар ӯро надидам. Ангелина бо гузашти 4 моҳ дирӯз ҳамроҳи модараш занг зада, хоҳиш карданд, ки дар пайдо кардани падараш кӯмак кунам" - меафзояд вай.
Ба гуфтаи Ҷунайдолло аз қавли модари духтарак, зан бо падари Ангелина, Диловар Мирзоев тақрибан дар аввалҳои солҳои 2000-ум дар шаҳраки Березовои ХМАО шинос шуда, як сол зиндагии якҷоя доштанд.
" Вақте кӯдак дар батнам буд, Дима (Диловар) маро тарк намуда, аз шаҳраки Березово рафт ва дигар бедарак шуд, дере нагузашта духтарчаамро ба дунё овардам", - афзудааст Анна.
Худоёров меафзояд, ман ҳам ҳисси кунҷкобиам боло рафту пурсидам, ки агар падари духтарат тоҷик аст, пас чаро номи падари духтаратон дар ҳуҷҷатҳояш Дмитриевна навишта шудааст.
"Ҳамаи сокинони шаҳраки Березово Диловарро бо номи Дима мешинохтанд. Аз ҳамин сабаб номи хонаводагии худамро барояш додам ва номи падарашро Дмитриевна сабт намудам", - афзудааст зан.
Вақте аз Анна сабаби аз ҳам пошидани оилааш бо Диловарро пурсидаанд, бо додари зиндониаш рабт додааст.
"Ман як додар доштам, ки зиндон шуда буд. Вақте Диловар фаҳмид, ки додарам аз зиндон раҳо мешавад, тарки ман кард ва куҷое рафту барнагашт", - идома додааст модари Ангелина.
Имрӯз, 14 май Ҷунайдулло Худоёров дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод, ки падари Ангелинаро баъди 18 сол дар 18 соат пайдо кард.
"Имрӯз модари Ангелина бо ман тамос гирифта, изҳори миннатдорӣ намуд, ки падару амаки Ангелина бо духтарак тамос гирифтаанд. Духтар бо падараш телефонӣ сӯҳбат кардааст", - навишт Худоёров.
Ҳамин тавр, Диловар Мирзоеви 45-сола, зодаи ноҳияи Мастчоҳ, феълан дар шаҳри Волгоград кору зиндагӣ мекардааст. Ӯ бо зани армание оиладор ва соҳиби фарзанд будааст.
Ӯ гуфтааст, ки дар ҳақиқат бо Анна зиндагии якҷоя доштанд, аммо намедонист, ки аз вай духтар дорад.
Ангелина дар сӯҳбат бо Худоёров аз тоҷикони муқими Русия барои кӯмак дар пайдо кардани падараш изҳори сипос кардааст.
"Ба шумо ва ҳамаи ононе, ки дар пайдо кардани падарам кӯмак карданд, миннатдорам. Умед надоштам, ки ба зудӣ падарамро пайдо мекунам, хело шодам", - таъкид кардааст вай.