Волочкова маоши хизматгорзани тоҷикашро эълон кард

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкБалерина Анастасия Волочкова
Балерина Анастасия Волочкова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.03.2021
Обуна шудан
Анастасия Волочкова ба мухлисони худ аз ҳақмузди оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, нақл кард
ДУШАНБЕ, 27 март - Sputnik. Балеринаи рус Анастасия Волочкова дар бораи хароҷоти моҳонаи худ барои амволи ғайриманқул сӯҳбат кард, менависад рӯзномаи "Комсомольская правда".
"Ӯ беҳтарин инсон аст": Волочкова бори нахуст хизматгорзани тоҷикашро нишон дод - акс
Ҳамин тавр, нигоҳдории тамоми амволи ғайриманқул ба як балеринаи машхур дар як моҳ тақрибан як миллион рубл сарф мешавад. Ба гуфтаи вай, танҳо ҳаққи хидматрасонии коммуналӣ 185 ҳазор рублро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон Волочкова барои як оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, ҳар моҳ 60 ҳазор рубл ҳақмузд пардохт мекунад. Ӯ гуфт, барои ин миқдор маблағ, зани тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсари худ, хонаи ӯро тамиз мекунанд, барояш хӯрок омода мекунанд ва ҳамзамон боғу роғи ӯро ба тартиб меоранд.
Волочкова қаблан аз хизматгарзани тоҷик, ки солҳо дар хизмати ӯст, васф кард ва ӯро ҳамчун яке аз аъзоёни хонаводаи худ хонд.
Посмотреть эту публикацию в Instagram

Публикация от Анастасия Волочкова (@volochkova_art)

Хизматгорзани тоҷикаш Лола ном дошта, ҳамроҳ бо ҳамсари худ дар хонаи балеринаи рус кор мекунанд. Волочкова қайд кард, ки Лола ниҳоят инсони бовафою ростқавл ва меҳрубону тамизкор аст.
Лентаи хабарҳо
0