https://sputnik.tj/20210512/hushdori-bonki-milli-kumak-voruh-pul-1039394590.html
Ҳушдори Бонки миллӣ дар бораи кумак ба Ворух: ба гурӯҳ ва шахсони алоҳида пул надиҳед
Ҳушдори Бонки миллӣ дар бораи кумак ба Ворух: ба гурӯҳ ва шахсони алоҳида пул надиҳед
Sputnik Тоҷикистон
Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват мекунанд, худдорӣ намоянд
2021-05-12T13:40+0500
2021-05-12T13:40+0500
2021-05-12T13:51+0500
вазъ дар марзи тоҷикистону қирғизистон
дар тоҷикистон
хайр
бонки миллӣ
пул
суратҳисоб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257052_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_05074f582075df86e12981334ac90398.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишвар аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳо дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.Ин ниҳод ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар расондааст, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намоянд.Бонки миллӣ зикр намудаст, ки бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон суратҳисоби махсус кушода шудааст.Манбаъ зикр кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро танҳо ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.Бонки миллӣ рақамҳои ин суратҳисобро дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз ташкили суратҳисоби махсус Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода буд.
https://sputnik.tj/20210507/maqomot-kumak-zarardidagon-munoqisha-voruh-surathisob-1039306637.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102925/70/1029257052_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_f8adef375aeb3e904b72671141b992aa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, бонки миллӣ, ҳушдор, пул, шахсон
тоҷикистон, бонки миллӣ, ҳушдор, пул, шахсон
Ҳушдори Бонки миллӣ дар бораи кумак ба Ворух: ба гурӯҳ ва шахсони алоҳида пул надиҳед
13:40 12.05.2021 (Навсозишуда: 13:51 12.05.2021) Бонки миллӣ аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар хоҳиш кардааст, ки аз хайр ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, худдорӣ намоянд
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки баъди ба вуқӯъ пайвастани қазияи марзии Тоҷикистон бо Қирғизистон баъзе шаҳрвандони кишвар аз ин ҳолат истифода намуда, бо мақсади ҷалб намудани маблағҳо дар суратҳисобҳои махсус барои зарардидагони Ворух машғуланд.
Ин ниҳод ба таваҷҷуҳи ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инчунин шаҳрвандони кишвар расондааст, ки барои анҷом додани амали хайрия ба ҳар гуна суратҳисобҳои шахсони алоҳида ва ё гурӯҳҳои номаълум, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои кӯмак аз мардум даъват ба амал меоранд, худдорӣ намоянд.
Бонки миллӣ зикр намудаст, ки бо мақсади расонидани кӯмак ба зарардидагони минтақаи Ворухи шаҳри Исфара, аз ҷониби Вазорати молияи Тоҷикистон суратҳисоби махсус кушода шудааст.
Манбаъ зикр кардааст, ки шаҳрвандон метавонанд бемамоният маблағҳои хайриявии худро танҳо ба ин суратҳисоб ирсол намоянд.
Бонки миллӣ рақамҳои ин суратҳисобро дар сомонаи расмии худ нашр кардааст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш аз ташкили суратҳисоби махсус Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дода буд.