Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ду тоҷикро барои наҷоти одамон аз оташ қадрдонӣ кард

© © Мир 24Двое парней из Таджикистана спасли местных жителей от пожара в жилом доме в Ленинградской области
Двое парней из Таджикистана спасли местных жителей от пожара в жилом доме в Ленинградской области - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ду рафиқ, ки зодагони Тоҷикистон ҳастанд, барои хомӯш кардани оташ дар наздикии Санкт-Петербург ҷоизаи Вазорати ҳолатҳои фавқулодаро гирифтанд

ДУШАНБЕ, 20 январ - Sputnik. Кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода ба зодагони Тоҷикистон Зариф Ниёзов ва Фарух Умаров мукофотҳои фахрӣ дод, хабар медиҳад шабакаи телевизионии МИР 24.

Пожар, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зодагони Тоҷикистон дар Петербург мардумро аз коми оташ наҷот доданд - навор

Ёдовар мешавем, аввали моҳи декабр ду дӯст барои хомӯш кардани оташ дар як бинои истиқоматӣ дар Всеволжск наздикии Санкт-Петербург кумак карданд.

Ҳалокати фоҷеабори муҳоҷири тоҷик дар пайи таркиши газ дар Русия

Сӯхтор шомгоҳ бар асари таркиши балони газ рух дода буд. Пас аз таркиш дуд аз тирезаҳо баромад.

Ҷавононе, ки дар хонаи муқобил зиндагӣ мекарданд, зиён надиданд ва сӯхторро дида, фавран ба мардуми дохили он кӯмак карданд.

Ниёзов ва Умаров, сарфи назар аз зиёд шудани хатар, сокинони тарсидаро аз манзили сӯхта кӯч доданд. Ҳамин тавр, тоҷикон тамоми одамонро аз оташ наҷот доданд.

То омадани наҷотбахшон, онҳо ҳамроҳ бо ҳамсоягон саъй карданд, ки обро ба манзил рехта, оташро хомӯш кунанд.

Корнамоии қаҳрамононаи ду дӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи васеъ пайдо кард. Корбарон ба ҷасорати ҷавонони тоҷик баҳои баланд доданд.

Баъдтар кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода бо онҳо тамос гирифта, изҳори миннатдорӣ карданд.

Ба пиронсолон хӯрок мерасонд: сӯҳбати Азизхон аз корҳои ихтиёриш то қадрдонӣ аз сӯи Путин

Ниёзов ва Умаров дар Тоҷикистон таваллуд шуда, дар як ҳавлӣ ба воя расидаанд.

Ниёзов 14 сол пеш ба Русия кӯчид, шаҳрвандӣ ва кор дар ин ҷо пайдо кард. Баъдтар, Умаров низ ба Федератсияи Русия кӯчид.

Лентаи хабарҳо
0