Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Қазоқистон омода аст ба Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад

© пресс-служба ГПС КРПограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы
Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Қазоқистон хоҳиши кумак ба Тоҷикистону Қирғизистонро дар ҳалли масоили марзӣ изҳор кард
ДУШАНБЕ, 12 май - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мухтор Тлеубердӣ бо вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Қазоқбоев дар ҳошияи дуввумин "Нишасти вазирони умури хориҷаи Осиёи марказӣ ва Чин" дидору гуфтугӯ кард.
Қазоқистон аз Тоҷикистону Қирғизистон аз талошҳои ҳалли вазъ дар минтақаи низоъ истиқбол кард.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин гуфт, омода аст дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад
Мухтор Тлеубердӣ инчунин гуфт, ки Қазоқистон омода аст барои ҳалли минбаъдаи вазъ дар минтақаи низоъ ҳамаҷониба кӯмак ва дастгирӣ кунад.
"Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъияти муноқишавӣ, ки боиси талафот ва ҷароҳатдор шудани теъдоди зиёди мардум шуд, бояд танҳо тавассути гуфтушунидҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал карда шавад”, - гуфт Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Ӯзбекистон омода аст ба Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ҳалли масоили марзӣ кумак кунад
Тибқи иттилои Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, муттаҳамони қазия шаҳрвандони Қирғизистон будаанд, ки ба сӯи тоҷиконе, ки мехостанд дар он ҷой камераҳои назоратӣ насб кунанд, санг андохтанд ва ҳатто дар ин муноқиша низомиён дар либоси мулкӣ истифода шуданд.
Бишкек дар навбати худ гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон муноқишаро ба роҳ монданд, ба сӯи ҳамсояҳояшон аз силоҳ оташ кушоданд.
Феълан вазъ дар марз муътадил арзёбӣ гардида, 2 май ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон протоколи муштарак дар бораи делимитатсия ва демаркатсияи сарҳадро ба имзо расонданд.
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 970 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад.
Лентаи хабарҳо
0