https://sputnik.tj/20210416/hushdori-noibi-vazir-rusiya-deporti-tojikiston-1038537941.html
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
Sputnik Тоҷикистон
Александр Горовой, ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд
2021-04-16T18:39+0500
2021-04-16T18:39+0500
2021-04-16T18:39+0500
муҳоҷират
қонун
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102111/30/1021113042_0:0:2714:1528_1920x0_80_0_0_73debe6fd06a8d6b4c84f193daba4a25.jpg
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Александр Горовой, ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд. Горовой дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки феълан ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони ин давлатҳо ғайриқонунӣ дар Русия мебошанд. “Бисёре аз шаҳрвандони шумо, феълан дар қаламрави кишварам ғайриқонунӣ қарор доранд. Агар мо бо шумо ин теъдодро то 15 июн бартараф насозем, ҳамон тавре, ки дар фармони президент пешбинӣ шудааст, ин шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванду кор то то ихроҷу бастани марзҳо кашад. Бисёр мехоҳам, шумо дар кишварҳои худ тариқи расонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед”, - изҳор дошт ӯ. Горовой зикр намуд, ки татбиқи муҷозот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират мутаваққиф шудааст. Ба иттилои ВУД, айни ҳол дар Русия ҳудуди 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд. Манбаъ афзуд, дар қаламрави Русия инчунин 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 332 ҳазор аз Ӯзбекистон ва 152 ҳазор аз Украина ғайриқонунӣ қарор доранд. Қаблан бар асоси фармони раисиҷумҳури Русия муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар то 15 июни 2021 тамдид карда шуда, татбиқи ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош мутаваққиф гардид. Инчунин муқаррароте мавриди амал қарор мегирад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд.
https://sputnik.tj/20210404/Biduni-javobgari-Rusiya-khorijiyon-qonun-1033131409.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102111/30/1021113042_0:0:2714:2036_1920x0_80_0_0_26791c46d6e73f9720926b2620e2b89c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷират, ғайриқонунӣ, дастгирӣ, идм
муҳоҷират, ғайриқонунӣ, дастгирӣ, идм
Ҳушдори ноиби вазири дохилии Русия аз депорти 247 ҳазор тоҷикистонӣ: муҳлат то 15 июн
Вазорати умури дохилии Русия аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки дар қаламрави Русия ғайриқонунӣ қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд, то кор ба ҷавобгарию ихроҷи маҷбурияшон накашад
ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Александр Горовой, ноиби аввали вазири умури дохилии Русия, аз кишварҳои ИДМ хост, бо шаҳрвандонашон, ки ғайриқонунӣ дар Русия қарор доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ баранд.
Горовой дар ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ изҳор дошт, ки феълан ҳудуди 1 миллион шаҳрвандони ин давлатҳо ғайриқонунӣ дар Русия мебошанд.
“Бисёре аз шаҳрвандони шумо, феълан дар қаламрави кишварам ғайриқонунӣ қарор доранд. Агар мо бо шумо ин теъдодро то 15 июн бартараф насозем, ҳамон тавре, ки дар фармони президент пешбинӣ шудааст, ин шаҳрвандон метавонанд ба ҷавобгарӣ кашида шаванду кор то то ихроҷу бастани марзҳо кашад. Бисёр мехоҳам, шумо дар кишварҳои худ тариқи расонаҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронед”, - изҳор дошт ӯ.
Горовой зикр намуд, ки татбиқи муҷозот нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, барои нақзи қоидаҳои муҳоҷират мутаваққиф шудааст.
Ба иттилои ВУД, айни ҳол дар Русия ҳудуди 247 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ғайриқонунӣ қарор доранд.
Манбаъ афзуд, дар қаламрави Русия инчунин 120 ҳазор шаҳрванди Озарбойҷон, 61 ҳазор шаҳрванди Арманистон, 332 ҳазор аз Ӯзбекистон ва 152 ҳазор аз Украина ғайриқонунӣ қарор доранд.
Қаблан бар асоси фармони раисиҷумҳури Русия муҳлати санадҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави кишвар то 15 июни 2021 тамдид карда шуда, татбиқи ҷазо барои нақзи қоидаҳои будубош мутаваққиф гардид. Инчунин муқаррароте мавриди амал қарор мегирад, ки мувофиқи он муҳоҷирон метавонанд патентро бидуни убури марзи кишвар тамдид кунанд.