Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Путин гуфт, омода аст дар масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистон кумак кунад

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Обуна шудан
Пас аз музокирот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, президенти Русия Владимир Путин бо сарвари Қирғизистон занг зад
ДУШАНБЕ, 10 май - Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар муколама бо раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки Русия омода аст ба ҷумҳурӣҳо дар эътидол овардани вазъи марз кумак кунад.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Кремл хабар додааст.
Президент РФ В. Путин провел переговоры с президентом Киргизии С. Жапаровым - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.05.2021
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Путин бо Ҷабборов масоили марзии Тоҷикистону Қирғизистонро баррасӣ кард
Дар сӯҳбат бо Ҷабборов, Путин қайд кард, ки бо назардошти музокирот бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Русия созишномаҳои миёни Бишкек ва Душанберо дар бораи ҳалли вазъ дар минтақаи марзии Тоҷикистону Қирғизистонро дастгирӣ мекунад.
Президенти Русия афзуд, ки кишвар омода аст ба минбаъд ба эътидол овардани вазъи байни ҷумҳуриҳо кумак кунад.
"Владимир Путин Содир Ҷабборовро ба сафари корӣ ба Русия даъват кард. Даъват қабул карда шуд", - омадааст дар изҳороти Кремл.
Инчунин хабар дода мешавад, ки президентҳо ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамдигарро самимона табрик гуфта, аҳамияти махсуси ин сана барои мардуми ду кишварро таъкид карданд.
Лентаи хабарҳо
0