Иди Рамазон: анъанаҳои ҷашн

Обуна шудан
Иди Рамазон ё Иди Фитр дар Тоҷикистон рӯзи 13 май ҷашн гирифта мешавад
Дар ин рӯз мусулмонон либоси тоза ба бар намуда, субҳи барвақт барои гузоштани намози ид ба масҷидҳо мераванд. Пас аз гузоштани намози ид ба аёдати падару модар, шахсони барҷомонда, ятимону маъюбон рафта, онҳоро бо рӯзи саиди Фитр табрик менамоянд.
Ҳамчунин дар ин рӯзи бузург мардум аз ҳамдигар пӯзиш талабида, гуноҳҳои якдигарро мебахшанд. Дар замонҳои пеш маҳз дар ҳамин рӯз миёни кишварҳои мухолиф созишномаҳои сулҳ баста мешуд.
Аз Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки имсол нисоби закот 25 ҳазор сомонӣ ва ҳаққи фитри рӯза 6 сомонӣ муқаррар шудааст. Бар асоси муқаррароти Шӯрои уламо имсол муслимини кишварро зарур аст, аз ҳар 25 ҳазор сомонии доштаашон 625 сомонӣ закот диҳанд.
"Фидяи савм дар моҳи Рамазони соли 2021 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 360 сомонӣ барои 30 рӯз (барои як рӯз 12 сомонӣ) муайян карда шуд", - гуфт манбаъ.
Фидяи савмро афроде месупоранд, ки имконияти гирифтани рӯзаро надорад.
Лентаи хабарҳо
0