Бозиҳои варзишии Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлол

© Sputnik / Стас ЭтвешПразднование Навруза в Москве на стадионе "Лужники"
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2021
Обуна шудан
Ба ифтихори 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва ташвиқи ҳаёти солим аз 21 май то 30 июни соли равон Бозиҳои варзишии Тоҷикистон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Аз 21 май то 30 июн Бозиҳои варзишии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад Кумитаи миллии олимпӣ.
Ба иттилои манбаъ, ба барномаи Бозиҳои варзишии Тоҷикистон 15 намуди варзиш ворид карда шудааст.
Аз ҷумла, баскетбол, бокс, вазнбардорӣ, варзиши сабук, волейбол, куштигирӣ, куштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, камонварӣ, каратэ, қайиқронӣ, самбо, таеквондо, ҳендбол, ҷудо, шиноварӣ ном бурда шуданд.
Город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2021
Бо пешниҳоди президент: дар Тоҷикистон медали 30-солагии истиқлолият таъсис мешавад
Манбаъ меафзояд, Бозиҳои варзишии Тоҷикистон, 22 май бо мусобиқаи варзиши сабук оғоз мегардад, ки ду рӯз идома меёбад.
Сипас, 1-2 июн мусобиқаи куштигирӣ, 3-4 июн мусобиқаҳои куштии юнонӣ-римӣ ва каратэ, 5-6 июн мусобиқаи шиноварӣ, 7-8 июн мусобиқаи куштии тарзи озод, 9-10 июн мусобиқаҳои ҷудо ва таеквондо, 10-14 июн сабқати волейбол миёни бонувон, 11-12 июн мусобиқаи самбо, 12-13 июн мусобиқаи вазнбардорӣ, 13-17 июн мусобиқаи ҳендбол, 18-22 июн мусобиқаи баскетбол миёни мардон, 23-27 июн мусобиқаи волейбол миёни мардон, 24-25 июн мусобиқаи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ, 25-29 июн мусобиқаи бокс ва 28-29 июн мусобиқаи камонварӣ доир хоҳанд шуд.
Ҳамаи мусобиқаҳо, ба ғайр аз вазнбардорӣ, волейбол миёни бонувон ва камонварӣ дар пойтахт – шаҳри Душанбе баргузор мешаванд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар шаҳри Кулоб, волейболи бонувон дар шаҳри Хоруғ ва мусобиқаи камонварӣ дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.
Бозиҳои варзишии Тоҷикистон соли 2018 аз рӯи 10 намуди варзиш баргузор шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0