https://sputnik.tj/20210301/peshnihod-prezident-Tojikiston-medal-istiqloliyat-1032909705.html
Бо пешниҳоди президент: дар Тоҷикистон медали 30-солагии истиқлолият таъсис мешавад
Бо пешниҳоди президент: дар Тоҷикистон медали 30-солагии истиқлолият таъсис мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод... 01.03.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-03-01T12:37+0500
2021-03-01T12:37+0500
2021-04-19T16:45+0500
ҳамаи хабарҳо
дар тоҷикистон
истиқлолият
президент
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_0:157:3000:1845_1920x0_80_0_0_3c15f2e87e4377612fe449dbdaf28992.jpg
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Тибқи иттиллои дафтари матбуотии порлумони кишвар, пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар кардааст ва он дар фурсати наздик қабул хоҳад шуд.Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зимни ҷаласаи навбатии парлумон гуфтааст, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.Ба иттилои манбаъ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” тасдиқ карда шавад.Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси медал, Эмомалӣ Раҳмон метавонад онро ба категорияи муайяни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки солҳои рушди истиқлолият дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм гузоштаанд, тақдим кунад.Гуфта мешавад, он метавонад ба шаҳрвандони кишвар барои хидматҳояш дар ҳифзи давлатдории тоҷикон, дар татбиқи дигаргуниҳои демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои муваффақиятҳо дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ, барои дастовардҳои меҳнатӣ дар корҳои давлатӣ, тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрия тақдим карда шавад.
https://sputnik.tj/20201115/hadafi-hukumat-bunyodi-941-inshooti-tibbi-to-30-solagii-Istiloliyat-dar-Khatlon-1032274945.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/06/1032033835_166:0:2835:2002_1920x0_80_0_0_e24a219695c426fccc495f60c2935570.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, истиқлолият, президент
ҳамаи хабарҳо, дар тоҷикистон, истиқлолият, президент
Бо пешниҳоди президент: дар Тоҷикистон медали 30-солагии истиқлолият таъсис мешавад
12:37 01.03.2021 (Навсозишуда: 16:45 19.04.2021) Таъсиси медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Тибқи иттиллои дафтари матбуотии порлумони кишвар, пешниҳодро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар кардааст ва он дар фурсати наздик қабул хоҳад шуд.
Абдураҳим Холиқзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ зимни ҷаласаи навбатии парлумон гуфтааст, ки пешниҳоди мазкур бо мақсади сазовор ҷашн гирифтани ин санаи барои Тоҷикистон муҳим, таърихӣ ва тақдирсоз ва бо медали ҷашнӣ қадр намудани шахсони арзанда, ки барои ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатии Тоҷикистон саҳми босазо гузоштаанд, таҳия гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, бо мақсади тантанавор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон, эътирофу қадршиносии хизмати шахсони арзанда дар таҳкими давлатдории Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст, ки медали ҷашнии “30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон” тасдиқ карда шавад.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз таъсиси медал, Эмомалӣ Раҳмон метавонад онро ба категорияи муайяни шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ки солҳои рушди истиқлолият дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳм гузоштаанд, тақдим кунад.
Гуфта мешавад, он метавонад ба шаҳрвандони кишвар барои хидматҳояш дар ҳифзи давлатдории тоҷикон, дар татбиқи дигаргуниҳои демократӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсӣ, барои муваффақиятҳо дар рушди фарҳанг ва санъати миллӣ, барои дастовардҳои меҳнатӣ дар корҳои давлатӣ, тадқиқотӣ, ҷамъиятӣ ва хайрия тақдим карда шавад.