https://sputnik.tj/20210512/afzoish-qurboniyon-sel-kulob-1039387870.html
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 8 нафар расид 12.05.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-05-12T10:49+0500
2021-05-12T10:49+0500
2021-05-12T13:30+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
кӯлоб
сел
кҳф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/61/1022686147_0:94:1000:657_1920x0_80_0_0_f76da4674776d4b707285b5da33c06ba.jpg
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба 8 нафар расид.Умеда Юсупова сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 7 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шуд.Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.
https://sputnik.tj/20210512/bozdidi-rasulzoda-az-zarardidagoni-obhezi-1039387521.html
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102268/61/1022686147_0:0:1000:750_1920x0_80_0_0_67454f593f9ce7c82a4ab7607e3ff58c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кӯлоб, сел, кҳф
дар тоҷикистон, рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода, кӯлоб, сел, кҳф
Афзоиши қурбониёни сел дар Кӯлоб: КҲФ ҷасади марди 34 - соларо пайдо кард
10:49 12.05.2021 (Навсозишуда: 13:30 12.05.2021) Шумораи қурбониёни селхезӣ дар Тоҷикистон ба 8 нафар расид
ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, шумораи қурбониёни офати табиӣ дар вилояти Хатлон ба 8 нафар расид.
Умеда Юсупова сухангӯи КҲФ дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҷасади охироне, ки аз селоба берун оварда шуд, марди 34 - сола, сокини ноҳияи Кӯшониён будааст.
"10 метр роҳ фурӯ рафта, мошини Дулан, ки марҳум сари идораи он буд, чаппа шуд. Ронанда дар автомашина танҳо буд", - изҳор дошт Юсупова.
Қаблан, КҲФ аз ҳалокати 7 нафар бар асари фаромадани сел хабар дода буд.
Мувофиқи маълумоти пешакӣ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 3 нафар шаҳрвандон, ки дар дохили автомашинаи сабукрав қарор доштанд, ба ҳалокат расиданд.
Ҳамчунин, дар шаҳри Кӯлоб 3 нафар шаҳрандон фавтида, ки аз инҳо 2 нафар дар дохили мошин будаанд ва 1 нафари дигар аз дохили маҷроҳи селоба дарёфт карда шуд.
Қурбонии дигар дар шаҳри Ҳисор сабт гардидааст. Сокини маҳаллӣ ҳангоми нигоҳубини чорво бар асари омадани селоба ҳалок шуд.
Дар ин росто, дар асоси супориши Президенти Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазири кишвар, вазири корҳои дохилӣ, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва дигар вазорату идораҳо комиссия оид ба арзёбии ҳаҷми зарар ва бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои баамаломада, таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома доранд.
Ёдрас мешавем, ки дар бархе аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ рӯзи 11 май Кӯлоб боришоти боронҳои пай дар пай ба миён омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзили истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард оварда расонид.