https://sputnik.tj/20210511/tolibon-afghoniston-otashbas-1039353195.html
Толибон дар саросари Афғонистон барои се рӯз оташбас эълон кард
Толибон дар саросари Афғонистон барои се рӯз оташбас эълон кард
Sputnik Тоҷикистон
Гурӯҳи Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон барои се рӯз оташбас эълом кард
2021-05-11T09:00+0500
2021-05-11T09:00+0500
2021-05-11T14:14+0500
оташбас
афғонистон
толибон
осиёи марказӣ
осиё
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101539/91/1015399182_0:0:1601:901_1920x0_80_0_0_0754f2426a20c41211f2b45d1b26dfe9.jpg
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар ахиран эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”."Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар ҳоле оташбаси серӯза эълом кард, ки ин гурӯҳ дар моҳи Рамазон ба рағми дархостҳои давлати Афғонистон барои барқарории оташбас, ҷангу ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишварро шиддат додааст.Бар асоси омори Вазорати кишвари Афғонистон, дастикам 100 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти як моҳи ахири "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) кушта шудаанд.Давлати Афғонистон ҳамчунин ин гуруҳро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 63 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.
https://sputnik.tj/20210428/tolibon-afghoniston-zeri-nazorati-megirand-1039115441.html
афғонистон
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101539/91/1015399182_128:0:1459:998_1920x0_80_0_0_9922e45da7afab1c73d5c397870da446.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон, ағонистон, оташбас
толибон, ағонистон, оташбас
Толибон дар саросари Афғонистон барои се рӯз оташбас эълон кард
09:00 11.05.2021 (Навсозишуда: 14:14 11.05.2021) Гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон барои се рӯз оташбас эълом кард
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар ахиран эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”.
"Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар ҳоле оташбаси серӯза эълом кард, ки ин гурӯҳ дар моҳи Рамазон ба рағми дархостҳои давлати Афғонистон барои барқарории оташбас, ҷангу ҳамла ба манотиқи мухталифи ин кишварро шиддат додааст.
Бар асоси омори Вазорати кишвари Афғонистон, дастикам 100 ғайринизомии афғон дар ҳамалоти як моҳи ахири "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) кушта шудаанд.
Давлати Афғонистон ҳамчунин ин гуруҳро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 63 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.