“Кори хирсозор тамом!”: ҷавоне, ки мехост хирсбачаро фурӯшад, боздошт шуд

© акс аз ФейсбукШерзод Сардоров, ки мехост хирсбачаро фурӯшад
Шерзод Сардоров, ки мехост хирсбачаро фурӯшад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон як ҷавонеро, ки мехост ду хирсбачаро фурӯшад, боздошт кард. Хирсбачаҳо ҳоло дар Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Бино ба иттилои дарёфтии Sputnik Тоҷикистон, Шерзод Сардоров, хонандаи синфи 10 – уми мактаби миёнаи шаҳри Душанбе дар ҳоле боздошт шудааст, ки мехост дар хиёбони Рӯдакӣ ду хирсбачаро ҳар як 3 ҳазор сомонӣ ба фурӯш расонад.
“Ин нафар ҳатто аксҳояшро бо хирсбачаҳо дар сафҳаи Инстаграмаш монда, бо иттифоқи як ҳамдасташ хирсбачаҳоро гуруснаву ташна ва аз гардану гулӯяшон дошта, қади кӯча мегардонданд ва ба ҳар нафари аз пеши роҳашон мебаромада, онҳоро пешниҳод мекарданд. Вақте онҳо боздошт шуданд, хисбачаҳо гуруснаву ташна буданд ва вазъи баде доштанд. Ҳоло ин кор таҳти тафтиши Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои мушатаккил ва Раёсати экологияву туризми вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад”, - гуфт манбаъ.
Ин манбаъ афзуд, хирсбачаҳо ба таври оҷил ба Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе интиқол дода шуданд, то таҳти муроқибати духтури ҳайвонот бошанд.
“Ба назар мерасад, ки хирсбачаҳо рӯзҳои охир хӯроки дуруст нахӯрдаанд ва ҳоло вазъи саломатиашон хуб нест. Як муддати тӯлонӣ зарур аст, ки онҳо ба худ омада, сари по шаванд. Ҳоло онҳо ба дасти як парастори хуби Боғи ҳайвонот дода шудаанд ва ӯ аз онҳо муроқибат мекунад”, - гуфт ин манбаъ.
Манбаи мо дар ин бобат, ки ин хирсбачаҳо чӣ тавр дар ихтиёри мактаббачаҳо қарор гирифтаанд ва онҳоро аз куҷо ба даст овардаанд, ба ин сабаб, ки сирри тафтишот аст, тафсилоти бештар надод.
Тибқи як қарори ҳукумати Тоҷикистон, ки шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ва ҳаҷми ҷаримаву иҷоза барои шикори онҳоро танзим мекунад, барои гирифтани иҷозаи шикори хирси маллаи тиёншонӣ як нафар бояд 10 ҳазору 804 сомониву 22 дирам пардохт намояд.
Бурый медведь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2020
“31 ҳазор ҷарима барои куштани хирс”: паронд, ки падарашро накушад
Моҳи июли соли гузашта як ҷангалбон дар ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд барои парронидани ин навъи хирс 31 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима шуда буд, ҳарчанд ки дар баёноташ гуфта буд, хирс мехост падарашро ба ҳалокат расонад.
Барои боздошт ва ба фурӯш баровардани хирсбача қонун чиро пешбинӣ мекунад, маълум нест. Аммо як масъули хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҳоли ҷой надоштани ягон ҷинояти дигар дар чунин ҳолатҳо кас бо пардохтани ҳудуди 700 сомонӣ сари як хирс ҷарима мешавад ва ин ҷиноят нест, балки қонунвайронкунии маъмурӣ аст.
Лентаи хабарҳо
0