“31 ҳазор ҷарима барои куштани хирс”: паронд, ки падарашро накушад

CC0 / Pixabay / suetot / Бурый медведь, архивное фото
Бурый медведь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
 Як ҷангалбон дар вилояти Суғд барои наҷоти падараш хирсро парондаву ба маблағи ҳангуфт муҷозот шудааст

ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Абдуғаффор Ҷалилов, сардори шуъбаи шикори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ин ҳодиса дар кӯҳҳои ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ҳангоми гашти ҷангалбон дар куҳҳо иттифоқ афтодааст.

Винторогий козел в Калининградском зоопарке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Видеои қиматтарин шикор дар Тоҷикистон - навор

“Аз рӯи баёноте, ки ҷангалбон додаааст, замони ҳодиса ӯро падараш ҳамроҳӣ мекардааст. Вақте дар кӯҳ онҳо бо хирс дучор меоянд, хирс машғули хӯрдани гов будааст. Аммо вақте падару писарро мебинад, ба хашму ғазаб меояд ва ба онҳо ҳамла мекунад. Онҳо рӯ ба фирор меоранд, аммо ҳангоми давидан падар лағжида меафтад. Писар аз хавфи ин, ки хирс падарашро накушад, аз туфанги дасташ тир меандозад ва хирсро ба ҳалокат мерасонад”, - гуфт Абдуғаффор Ҷалилов.

Ба қавли сардори шуъбаи шикори Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, раёсати Агентӣ дар вилояти Суғд ин ҳодисаро санаду протокол карда, ҷангалбонро ба 31 ҳазору 900 сомонӣ ҷарима мекунад.

“Ин ҳодиса 4 июл иттифоқ афтода буд. Зарар аз сӯи ҷангалбон барқарор шудааст, аммо ин ҳодиса аз сӯи прокуратураи вилояти Суғд таҳти баррасӣ гирифта шудааст”, - гуфт Абдуғаффор Ҷалилов.

Тибқи иттилои Агентии хоҷагии ҷангали Тоҷикистон, тайи шаш моҳи соли равон дар ҳудуди кишвар 47 мавриди нақзи муқаррароти шикор аз сӯи ниҳодҳои маҳаллии ниҳод сабт ва ба маблағи ҳудуди 12 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шудааст.

Лентаи хабарҳо
0