Бориши борон дар Тоҷикистон 3 рӯзи дигар идома мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевЗатопленная проезжая часть после ливня в Душанбе
Затопленная проезжая часть после ливня в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Дар дарёҳои кишвар баландшавии сатҳи об пешбинӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 11 май — Sputnik. Боришҳо дар Тоҷикистон 3 рӯзи дигар идома ёфта, ҳавошиносон то 14 май ҳавои кишварро боронӣ пешбинӣ кардаанд.
Тавре Агентии ҳавошиносии кишвар иттилоъ медиҳад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва кӯҳии вилояти Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ин рӯзҳо омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Инчунин дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда, дарёҳои Қизилсӯ, Ёхсӯ, Вахш (Сурхоб), Обихингоб, Зарафшон ва Исфара баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад.
Подмытая ливнями дорожное полотно на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Сели даҳшатбор дар Кӯлоб: "аз 9 ҷасади пиру барно гузориш дода шуд" - видео
13-14 май дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд. 15-16 май дар мамлакат асосан ҳавои бебориш дар назар аст.
Ин дар ҳолест, имрӯз, 11 май низ дар шаҳрҳои Душанбе бориши муддатнок боиси баста шудани роҳҳо гардид.
Аммо дар минтақаи Кӯлоб ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бориши зиёд боиси фаромадани сел шудсел омад ва расонаҳо дар бораи тахриб шудани даҳҳо хона хабар медиҳанд.
Бино бар итттилои расмӣ, се нафарро сел бурдааст. Манбаъҳо то 9 қурбонии офати табиӣ хабар медиҳанд.
Лентаи хабарҳо
0