Афғонистон азои умумӣ эълом кард

© Sputnik / JAKМесто покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле
Место покушения на вице-президента Афганистана в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Обуна шудан
Раисҷумҳурии Афғонистон дар пайи ҳамлаи террористӣ ба донишомӯзони мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби шаҳри Кобул имрӯзро азои умумӣ эълом кард
ДУШАНБЕ, 11 май - Sputnik. Ашраф Ғанӣ раисҷумҳури Афғонистон гуфт, ки мардуми кишвар ҳамчунон дар сӯги шуҳадои ин ҳодиса ба сар мебаранд ва дар тамоми дастгоҳҳои иҷроӣ барои қурбониёни ин ҳамла маросими фотиҳахонӣ баргузор хоҳад шуд.
Рӯзи шанбе бар асари инфиҷори террористӣ муқобили мадрасаи духтаронаи Сайид-уш-Шуҳадо дар ғарби Кобул 85 тан кушта ва беш аз 150 нафар захмӣ шуданд.
Ҳодисаи террористии мадрасаи Сайид-уш-Шуҳадо дуруст дар остонаи хуруҷи Амрико аз Афғонистон сурат мегирад.
Ҷангиёни Толибон дар роҳ ба сӯи Бағлон. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.05.2021
Толибон дар саросари Афғонистон барои се рӯз оташбас эълон кард
Ёдрас мешавем, ки ахиран гурӯҳи "Толибон" (мамнӯъ дар Русия) дар Афғонистон барои се рӯз оташбас эълом кард.
Муҳаммад Наим Урдук, сухангуи дафтари сиёсии Толибон (мамнӯъ дар Русия) дар Қатар ахиран эълом кард, аъзои ин гурӯҳ дастур гирифтаанд, ки аз рӯзи аввал то рӯзи сеюми Иди Фитр ҳамалоташонро зидди нерӯҳои давлатии Афғонистон мутаваққиф кунанд.
Давлати Афғонистон ҳамчунин Толибонро масъули ҷинояти рӯзи шанбе дар ғарби Кобул медонад, ки дар он 85 нафар, ки бештар донишомӯзони як мадрасаи духтарона буданд, кушта ва 150 тан захмӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0